wrapper

Навидҳои рӯз

  Дар асоси Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва нақша-чорабиниҳои илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, санаи 6-7 октябри соли 2023 дар толори Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Захираҳои об, инноватсия, захира- ва энергиясарфанамоӣ», бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  баргузор гардид.

  Дар кори конференсияи мазкур беш аз 90 нафар намояндагон аз вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Агентии обуҳавошиносӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Осимӣ, Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ, Институти химияи ба номи В.И. Никитини АМИТ ва ғайра, намояндагони ташкилотҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, чун Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO), Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ), Филиали Ассотсиатсияи «HELVETAS Swiss Intercooperation» дар Тоҷикистон ва инчунин, меҳмонон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон ва Корея ба таври ҳузурӣ (of-line) ва маҷозӣ (on-line) ширкат варзиданд.

  Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, дотсент Амирзода О.Ҳ. маърўзаи ифтитоҳиро ироа намуда, ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшид. Баъдан, муовини Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, узви вобастаи АМИТ Қоҳирова Г.И. ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Р.Б. суханронӣ намуданд.

  Дар ҷаласаи пленарии конференсия 4 маърўзаи илмӣ, дар мавзуъҳои «Муносибатҳои байнидавлатии об» (Абдураззоқзода Д., сардори Раёсати сиёсати энергетика ва захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон), «Тадқиқот дар соҳаи энергетикаи гидрогенӣ дар Тоҷикистон» (Мирсаидов У.М., академики АМИТ, доктори илмҳои кимиё, профессор), «Равишҳои муосири илмӣ доир ба ҳалли мушкилоти экологӣ дар шароити Тоҷикистон» (Ҳақдод М.М., узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои техникӣ, профессор) ва «Равандҳои хатарноки табиӣ дар шароити тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон» (Фазилов А.Р., мудири лабораторияи «Иншооти гидротехникӣ»-и ИМО,ГЭваЭ АМИТ, доктори илмҳои техникӣ, дотсент) шунида шуд.

 Кори конференсия дар чор бахш: «Истифодаи оқилонаи захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим», «Комплекси хоҷагии об, рушди гидроэнергетика, иншоотҳои гидротехникӣ ва сохтмон»,  «Бообтаъминнамоии аҳолӣ. Обҳои рекреатсионӣ ва шифобахш», ва «Гидроэкология, рушди устувор ва иқтисоди сабз» идома ёфт.

  Рафти баргузории Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Захираҳои об, инноватсия, захира- ва энергиясарфанамоӣ» тавассути шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Илм ва табиат», «Мир» ва шабакаҳои радиоии «Ховар», «Садои Душанбе» наворбардорӣ ва садобардорӣ гардида, тариқи барномаҳои онҳо инъикос гардид.

  Ҳамин тавр, маҷмўаи мақолаҳои конференсия таҳти унвони ЗАХИРА-ҲОИ ОБ, ИННОВАТСИЯ, ЗАХИРА- ВА ЭНЕРГИЯСАРФАНАМОӢ // Маводҳои конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ. – Тоҷикистон, Душанбе, 6-7 октябри соли 2023. - 288 саҳ. интишор ёфта, дастраси меҳмонон, муаллифон ва дигар иштирокчиёни конференсия гардид ва инчунин, ба китобхонаҳои марказӣ ирсол карда шуд.

 

 

 

 

 

Last modified on Чоршанбе, 11 Октябр 2023
Яндекс.Метрика