Дар Конфронси 7-уми байналмилалии «Селҳо: офатҳо, хатарҳо, пешгӯиҳо, муҳофизат», ки дар шаҳри Чендуи Чин баргузор гардид, мудири Лабораторияи моделкунонии захираҳои об ва равандҳои иқлими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ Ниязов Ҷафар Баҳодурович иштирок варзиданд.
Барои маърӯзаи пешниҳоднамуда дар мавзӯи «Методологияи пешгӯии оби дарёи Қизилсу дар асоси тасвирҳои MODIS», Ниязов Ҷ.Б. ва дигар баромадкунандагони сессияҳои дигар барои маърузаҳои беҳтарин бо шаҳодатномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Last modified on Панҷшанбе, 03 Октябр 2024