Дар конференсия мутахассисоне, ки дар самти омӯзиши масъалаҳои обшавии пиряхҳо, ҷорӣ намудани усулҳои муосири омӯзиши пиряхҳо, коҳиш додани оқибатҳои обшавии онҳо таҳти таъсири тағирёбии иқлим дар минтақаи Осиёи Марказӣ таҳқиқот мебаранд гирди ҳам омаданд. Дар маҷлиси пленарии конференсия, ки дар маҷлисгоҳи АМИТ баргузор гардид, зиёда аз 120 нафар иштирок намуданд.
Президенти АМИТ Қобилҷон Хушвахтзода конференсияро ифтитоҳ намуда, зикр карданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо як раванди нигаронкунанда буда, андешидани чораҳои муассир ва талошҳои муштаракро тақозо мекунад. Мавсуф таъкид намуданд, ки вобаста ба муҳимияти ин масъала бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 декабри соли 2022 дар Иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» қатънома қабул карда шуд. Тибқи ин қатънома 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон шудааст. Илова ба ин, дар ин қатънома таъсиси як фонди эътимод барои мусоидат ба ҳифзи пиряхҳо дар Созмони Милали Муттаҳид пешбинӣ шудааст.
Дар конференсия директори генералии Институти Синзяни экология ва географияи Академияи илмҳои Хитой, узви хориҷии АМИТ, профессор Чжан Юанмин суханронӣ намуда, аҳаммияти омӯзиши пиряхҳо, истифодаи устувори захирахои обии Осиёи Марказӣ ва муттаҳид намудани саъю кушиши олимонро дар гузаронидани таҳқиқоти ҳамаҷониба дар ин самт қайд намуд. Профессор Чжан Юанмин таъкид намуд, ки проблемаи обшавии пиряхҳо ҳамчун мушкилоти глобалӣ эътироф гардида, муҳокимаи васеи илмӣ ва андешидани чораҳои муассирро тақозо менамояд. Олимон ва коршиносон бояд дар густариши ҳамкориҳои илмӣ дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо ҳамаҷониба мусоидат намоянд.
Дар ҷаласаи пленарии конфересия масъулини Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (сардори Раёсати вазорат Абдуллоев Ф.М.), Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита, генерал-майор Ҷамшед Камолзода) ва директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Хабибулло суханронӣ намуданд.
Ҷаласаи пленарии конференсияро ҳамдиректори Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе), узви вобастаи АМИТ Абдусаттор Саидов роҳбарӣ намуд.
Дар ҷаласаи пленарии конференсия 5 маърӯзаи илмӣ баррасӣ карда шуд:
- Вазъи пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити глобалии тағйирёбии иқлим. Ходими калони илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ, номзади илмҳои география Анвар Ҳомидов;
- Тағйирёбии баландии хати барфи пиряхҳои Помир дар давраи аз соли 1992 то соли 2023. Профессори Донишгоҳи шимолу ғарбии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ван Нинлян;
- Ҳолати кунунӣ ва дурнамои омузиши пиряхи Федченко. Сарходими илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ, профессор Абдулҳамид Қаюмов;
- Омӯзиши захираҳои обии минтақаи Тиёншони Осиёи Марказӣ дар шароити гармшавии глобалӣ. Профессори Институти Синзяни экология ва географияи Академияи илмҳои Хитой Чен Янинг;
- Оид ба истифодаи технологияҳои нав барои гузаронидани мониторинги пирьяхҳои душворфатҳи Тоҷикистон. Ходими калони илмии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ, номзади илмҳои физикаю математика Шокарим Шозиёев.
Кори конференсия дар бахшҳо дар толори Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) идома ёфт, ки дар он 18 маърӯзаи илмии олимону мутахассисони Тоҷикистон, Хитой, Росссия, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон оид ба омӯзиши пиряхҳо ва истифодаи самараноки захираҳои обии минтақа бахшида шуданд. Дар муҳокимаи маърузаҳои илмии баррасӣ шуда олимон ва мутахассисони соҳа андешаю пешниҳодҳои худро манзур намуданд.
Дар ҷамбасти кори конференсия қарордод кабул карда шуд, ки дар он пешниҳодҳои зерин дарҷ карда шуданд:
- идома додани таҳќиќоти илмии њамаљониба дар соњаи омўзиши динамикаи пиряхњо дар минтаќа дар шароити таѓйирёбии иќлим;
- истифодаи васеи технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла усулҳои зондкунии фосилавии Замин ва ҳавопаймоҳои бесарнишин барои гузаронидани мониторинги пиряхҳо ва захираҳои обӣ;
- тахияи лоиҳаҳои муштараки илмӣ оид ба омузиши ҳамаҷонибаи динамикаи тағйирёбии ҳолати пиряхҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои обии Осиёи Марказӣ;
- тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ дар соҳаи глятсиология.
Маводи конференсияи байналмилалии илмӣ «Ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи самараноки захираҳои обии Осиёи Марказӣ» дар шакли маҷмӯаи илмӣ ба табъ расонида шуд.
Рӯзи дуюм иштирокчиёни конференсия аз пойгоҳи Майхура (ҳавзаи дарёи Варзоб), ки дар минтақаи тармафароии шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ҷойгир аст, дидан намуданд. Пойгоҳ бо таҷҳизоти ҳозиразамон ҷиҳозонида шуда, барои сари вақт дарк намудани тармафароӣ пешбини шудааст.