Конференсияҳо
- Шанбе, 23 Ноябр 2024
Ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи самараноки захираҳои обии Осиёи Марказӣ
Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои илмии АМИТ дар соли 2024, рӯзҳои 9-10 октябри соли 2024 Конференсияи байналмилалии илмӣ дар мавзӯи «Ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи самараноки захираҳои обии Осиёи Марказӣ»-ро бахшида ба «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» баргузор намуд.
Конференсия таҳти сарпарастии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе), Институти Синзяни экология ва географияи Академияи илмҳои Хитой, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳо»-и АМИТ баргузор карда шуд. Дар конференсияи байналмилалӣ олимони 5 кишвари хориҷи наздик ва дур, аз ҷумла Хитой, Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон иштирок намуданд.
Муфассал...- Панҷшанбе, 03 Октябр 2024
Селҳо: офатҳо, хатарҳо, пешгӯиҳо, муҳофизат
Дар Конфронси 7-уми байналмилалии «Селҳо: офатҳо, хатарҳо, пешгӯиҳо, муҳофизат», ки дар шаҳри Чендуи Чин баргузор гардид, мудири Лабораторияи моделкунонии захираҳои об ва равандҳои иқлими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ Ниязов Ҷафар Баҳодурович иштирок варзиданд.
Муфассал...- Душанбе, 10 Июн 2024
Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон
Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон» Форуми байналмилалии парлумонӣ оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Форум бо мақсади татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши фаъол доштан дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи парлумонҳои ҷаҳонӣ, алалхусус минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» амалӣ гардид.
Муфассал...- Панҷшанбе, 14 Март 2024
Тағйирёбии иқлим ва таъсири он
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (21 март) таҳти унвони «Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба рушди иқтисодию иҷтимоии давлатҳо» конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Муфассал...