Конференсияҳо

- Чоршанбе, 28 Апрел 2021
Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи оби Тоҷикистонро қабул кард
21 декабри соли равон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 75-уми худ лоиҳаи қатъномаро таҳти унвони «Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028», ки аз сӯи Тоҷикистон ва Нидерланд бо ҳаммуаллифии аксарияти мутлақи кишварҳои узви СММ — 190 давлат пешниҳод шуда буд, қабул намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Муфассал...
- Чоршанбе, 28 Апрел 2021
Татбиқи ҳадафу вазифаҳои Рӯзномаи 2030 роҷеъ ба масъалаҳои об
18 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд – «Татбиқи ҳадафу вазифаҳои Рӯзномаи 2030 роҷеъ ба масъалаҳои об», ки дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк ба таври маҷозӣ баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд.
Мавриди зикр аст, ки чорабинии мазкур дар асоси қатъномаи аз ҷониби ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшудаи Маҷмаи Умумии СММ аз 18 марти соли 2018 таҳти унвони “Бознигарии миёнамуҳлати фарогири Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” доир шуд.
Муфассал...