Озмоишгоҳи муосир - заминаи татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди устувори тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварда, дар ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд овард. Дар ин раванд соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар рушди маориф ва илмро яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ муайян намуда, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ тадбирҳои пайваста меандешанд. Бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат дар кишвар муассисаҳои нави таълимӣ бунёд гардида, муассисаҳои мавҷуда таъмиру азнавсозӣ ва бо техникаву технологияҳои муосир, таҷҳизоти таълимӣ ва озмоишгоҳҳои замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ ва истифода қарор гирифтанд.
Солҳои 2020-2040 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид. Ҳадафи асосии ин иқдом рушди тафаккури илмӣ ва техникӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳқиқоти илмӣ, густариши истифодаи технологияҳои муосир, рушди ихтироъкорӣ ва навоварӣ, инчунин таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот мебошад.
Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1445 таъкид гардидааст, ки Бистсола бо мақсади «тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии наврасону ҷавонон» эълон карда шудааст.
Моҳияти ин Барнома танҳо бо таваҷҷуҳ ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ маҳдуд намегардад. Барои рушди илм пеш аз ҳама заминаи моддию техникӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир ва имконияти гузаронидани таҷрибаҳои илмӣ зарур мебошанд. Аз ин рӯ, муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои илмӣ бо техника ва технологияҳои муосир яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми амалисозии ҳадафҳои Бистсола ба ҳисоб меравад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки дар «шароити рушди босуръати илм ва технология «истифодаи технологияҳои муосир» ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди илмҳои бунёдӣ, табиӣ, риёзӣ, техникӣ ва технологӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дорад». Ҳамзамон, дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рушди тафаккури техникӣ, дастрасӣ ба техникаву технологияҳои муосир, тавсеаи ихтироъкорӣ ва пайвастани илм бо истеҳсолот таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Дар ин замина, фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии он аҳаммияти хос пайдо мекунад. Муассисаҳои илмӣ, ҳамчун маркази асосии таҳқиқоти илмӣ бояд на танҳо масъалаҳои назариявиро таҳқиқ намоянд, балки барои гузаронидани таҷрибаҳои муосир, таҳлили илмӣ ва ба истеҳсолот ворид намудани натиҷаҳои таҳқиқот низ имкониятҳои зарурӣ дошта бошанд.
Намунаи амалии ин раванд дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба назар мерасад. Бо мақсади таҳкими заминаи моддию техникии Институт ва баланд бардоштани имкониятҳои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ солҳои 2025-2026 як қатор озмоишгоҳҳои мавҷуда бо таҷҳизоти муосир таъмин гардиданд.
Аз ҷумла, санаи 10 ноябри соли 2025 Озмоишгоҳи сифати об ва экология ва 6 июли соли 2026 Озмоишгоҳи энергетика, захира ва энергосарфанамоӣ бо таҷҳизоти муосир таъмин гардида, таҷҳизоти нав ба истифода дода шуданд.
Ин иқдом дар заминаи дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бо таваҷҷуҳи махсуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба рушди инфрасохтори илмӣ-амалӣ гардидааст. Таъсиси имкониятҳои нави озмоишгоҳӣ нишон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ дар самти рушди илм дар сатҳи муассисаҳои илмӣ ба корҳои мушаххас ва натиҷаҳои амалӣ табдил меёбад.
Озмоишгоҳи сифати об ва экология: таҳкими имкониятҳои таҳқиқоти муҳити зист
Озмоишгоҳи сифати об ва экология бо таҷҳизоти муосир барои гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар самти омӯзиши сифати об, муҳити зист, равандҳои гидрологӣ ва экологӣ имкониятҳои назаррас фароҳам меорад.
Аҳаммияти илмии ин таҷҳизотҳо дар он ифода меёбад, ки муҳаққиқон имконият пайдо мекунанд нишондиҳандаҳои физикӣ-кимиёвии об, консентратсияи моддаҳои гуногун, суръати ҷараёни об, нишондиҳандаҳои метеорологӣ, сатҳи газҳо, чангу ғубор, садо, равшанӣ ва майдони электромагнитиро муайян намоянд.
Дар шароити Тоҷикистон, ки масъалаҳои захираҳои об, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, хушксолӣ, ифлосшавии захираҳои об ва идоракунии устувори муҳити зист аҳаммияти стратегӣ доранд, чунин имкониятҳои лабораторӣ барои рушди таҳқиқоти миллӣ ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад.
Аз нуқтаи назари илмӣ, таҷҳизотҳои мазкур имконият медиҳанд, ки таҳқиқот аз сатҳи мушоҳидаҳои саҳроӣ ба сатҳи таҳлилҳои инструменталӣ гузарад. Яъне муҳаққиқ на танҳо равандро мушоҳида мекунад, балки нишондиҳандаҳои онро бо усулҳои таҷрибавӣ чен карда, муқоиса ва таҳлил менамояд. Ин тағйирот барои баланд бардоштани эътимоднокии натиҷаҳои илмӣ аҳаммияти калидӣ дорад.
Озмоишгоҳи энергетика, захира ва энергосарфанамоӣ: қадами нав дар самти таҳқиқоти энергетикӣ
Самти дигари муҳими рушди заминаи илмӣ таъсиси имкониятҳои нави таҳқиқотӣ дар Озмоишгоҳи энергетика, захира ва энергосарфанамоӣ мебошад.
Озмоишгоҳи мазкур соли 2026 бо таҷҳизоти муосир таъмин гардидааст. Дар байни онҳо генератори биогазӣ, маҷмӯи таҷҳизот барои манбаъҳои барқароршавандаи энергия, анализаторҳои сифати неруи барқ, таҷҳизоти геофизикӣ, таҷҳизоти мониторинги гази SO₂, ченкунандаи гармигузаронӣ, анализатори сайёри ларзиш, ченкунии зичии динамикии хок, детектори биогаз, тестери гармигузаронии мавод ва таҷҳизоти компютерии муосир мавҷуд мебошанд.
Ин таҷҳизотҳо барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар самти манбаъҳои барқароршавандаи энергия, сарфаи энергия, самаранокии энергетикӣ, сифати неруи барқ, биогаз, гармигузаронии мавод, хосиятҳои хок, мониторинги газҳо ва дигар масъалаҳои муҳандисӣ заминаи зарурӣ фароҳам меоранд.
Махсусан, мавҷудияти таҷҳизот барои таҳқиқи биогаз ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба масъалаҳои афзалиятноки рушди иқтисоди сабз ва истифодаи самараноки захираҳои маҳаллӣ алоқаманд мебошад. Тадқиқоти илмӣ дар ин самт метавонад барои коркарди партовҳои органикӣ, истеҳсоли биогаз, истифодаи самараноки энергия ва кам намудани таъсири манфӣ ба муҳити зист заминаи илмӣ фароҳам созад.
Таҷҳизоти таҳлили сифати неруи барқ имконият медиҳанд, ки шиддат, ҷараён, гармоникаҳо ва дигар параметрҳои муҳимми шабакаҳои барқӣ омӯхта шаванд. Ин самти таҳқиқот дар шароити рушди энергетика ва афзоиши истифодаи таҷҳизоти электронии муосир аҳаммияти назарраси амалӣ дорад.
Аз сиёсати давлатӣ то натиҷаи илмии мушаххас
Таҷрибаи Институт нишон медиҳад, ки татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» танҳо тавассути баргузории чорабиниҳои илмӣ ё омӯзишӣ амалӣ намешавад. Яке аз нишондиҳандаҳои асосии он ташкили инфрасохтори воқеии илмӣ, муҷаҳҳазсозии озмоишгоҳҳо, дастрасӣ ба технологияҳои муосир ва фароҳам овардани шароит барои корҳои таҳқиқотӣ-таҷрибавӣ мебошад.
Маҳз ҳамин равиш имкон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм ба натиҷаҳои муҳим табдил ёбад. Таҷҳизоти нав ба муҳаққиқон имконият медиҳад, ки таҳқиқоти саҳроиро бо таҳлили лабораторӣ пайваст намуда, маълумоти дақиқтар ба даст оранд, мақолаҳои илмӣ омода намоянд, натиҷаҳои таҳқиқотро дар конференсияҳои илмӣ муаррифӣ кунанд ва барои ҳалли масъалаҳои воқеии иқтисодиву иҷтимоӣ пешниҳодҳои илмӣ таҳия намоянд.
Дар ин раванд нақши роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ муҳим мебошад. Ташкили ду озмоишгоҳи муҷаҳҳаз дар Институт дар солҳои 2025-2026 намунаи амалии дастгирии рушди инфрасохтори илмӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти муҳаққиқон мебошад.
Озмоишгоҳ ҳамчун мактаби омодасозии кадрҳои илмӣ
Аҳаммияти озмоишгоҳҳои нав танҳо бо таҷҳизот маҳдуд намешавад. Муҳимтарин натиҷаи дарозмуддати онҳо омода намудани насли нави муҳаққиқон ва мутахассисони дорои малакаҳои кор бо технологияҳои муосир мебошад.
Таъмини муҳаққиқон, магистрантон, докторантон ва дигар кормандони илмӣ бо имконияти истифодаи таҷҳизоти муосир ба ташаккули малакаҳои таҷрибавӣ, таҳлилӣ ва муҳандисӣ мусоидат менамояд.
Аз ин нуқтаи назар, озмоишгоҳҳои муосир бояд ҳамчун муҳити ягонаи илм, таҷриба, таҳлил ва навоварӣ фаъолият намоянд. Ин раванд пурра ба ҳадафҳои Бистсола мувофиқ буда, ҳамзамон ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар - саноатикунонии босуръат низ мусоидат менамояд.
Барои рушди саноатикунонии босуръати кишвар истифодаи технологияҳои муосир ва фароҳам овардани фазои мусоид барои илмҳои техникӣ ва технологӣ зарур мебошад. Аз ин рӯ, таҳкими заминаи озмоишгоҳӣ на танҳо масъалаи илмӣ, балки ҷузъи муҳимми сиёсати рушди иқтисодии мамлакат низ мебошад.
«Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои дарозмуддати рушди иқтидори илмӣ ва технологиро муайян кардааст. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1445 барои ин раванд заминаи ҳуқуқӣ гузошта, минбаъд тавассути барномаҳо, нақшаҳои чорабиниҳо ва ташаббусҳои нави давлатӣ рушди илм ва технология пайваста дастгирӣ мегардад.
Дар ин замина, муҷаҳҳазгардонии Озмоишгоҳи сифати об ва экология ва Озмоишгоҳи энергетика, захираҳо ва энергосарфанамоӣ бо таҷҳизоти муосир дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадами муҳим дар самти амалисозии ҳадафҳои Бистсола мебошад.
Ин иқдом имкониятҳои Институтро барои гузаронидани таҳқиқоти муосири обшиносӣ, экологӣ, гидрологӣ, энергетикӣ ва муҳандисӣ васеъ намуда, барои баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, омода намудани кадрҳои илмӣ ва таҳияи пешниҳодҳои илмӣ барои ҳалли масъалаҳои муҳимми рушди кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон, сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди илм, техника ва технология дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии он пайваста ба корҳои мушаххас ва натиҷаҳои амалӣ табдил меёбад.
Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз рӯйи ихтисосҳои зерин дар зинаҳои магистратура ва докторантура (PhD) омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ тибқи Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ, ки аз тарафи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №Т-ИФ аз 01.06.2026, №6791 дода шудааст амали карда мешаванд.
Дар зинаи магистратура аз рӯйи ихтисосҳои «Технологияи энергияи самарабахш ва менеҷменти энергетикӣ», «Географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат», «Гидрологияи хушкӣ», «Экология» ва «Сохтмони гидротехникӣ» магистрантҳо ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Дар зинаи докторантура (PhD) бошад, омодасозии кадрҳои илмӣ аз рӯйи ихтисосҳои 6D060800 - Экология, 6D060900 - География, аз ҷумла 6D060901 - Географияи табиӣ ва биогеография, географияи хок ва геохимияи ландшафтҳо, географияи рекреатсионӣ; 6D060902 - Геоморфология ва географияи эволютсионӣ; 6D060905 - Глятсиология ва криологияи замин; 6D060906 - Гидрологияи хушкӣ, захираҳои обӣ, гидрохимия; 6D060907 - Геоинформатика; 6D060908 - Геологияи инженерӣ, яхбандишиносӣ ва хокшиносӣ; 6D060910 - Захираҳои об ва истифодаи он, инчунин 6D061200 - Метеорология, аз ҷумла 6D061201 - Метрология, иқлимшиносӣ, агрометеорология (техникӣ) ба роҳ монда шудааст.
Мазмун ва самтҳои ин ихтисосҳо ба ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» мутобиқ буда, барои ташаккули иқтидори илмӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва рушди таҳқиқоти муосир дар самтҳои обшиносӣ, гидрология, экология, энергетика, география, геоинформатика, метеорология ва сохтмони гидротехникӣ заминаи муҳим фароҳам меоранд.
Омодасозии магистрантҳо ва докторантон дар ин самтҳои афзалиятнок имкон медиҳад, ки насли нави муҳаққиқон бо усулҳои муосири таҳқиқот, технологияҳои нав ва таҷҳизоти озмоишгоҳӣ шинос гардида, натиҷаҳои илмиро барои ҳалли масъалаҳои воқеии рушди иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоии кишвар истифода намоянд. Аз ин рӯ, робитаи бевоситаи низоми омодасозии кадрҳои илмӣ бо фаъолияти озмоишгоҳҳои муосири Институт яке аз заминаҳои муҳими амалисозии ҳадафҳои Бистсола ба ҳисоб меравад.
Ҳамин тавр, фаъолияти таълимӣ ва илмии Институт дар маҷмӯъ ба ташаккули муҳити ягонаи илмӣ ва навоварӣ равона гардида, барои баланд бардоштани иқтидори илмии кишвар, рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва техникӣ ва омода намудани кадрҳои ҷавоби ба талаботи замони муосир мусоидат менамояд.
Алиев Ф.А., Гулаҳмадзода А.А.
Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Тоҷикӣ
Русский
English