wrapper

Навидҳои рӯз

  Санаҳои 15-17 феврали соли 2023 дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ конфронси ниҳоии «Ояндаи тағйирёбанда барои амнияти обӣ» (TFWS), ки аз тарафи Институти байналхалқии идоракунии об (IWMI), Ширкати машваратӣ оид ба тадқиқотҳои байналмиллалии кишоварзӣ (CGIAR) ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ташкил гардида буд, баргузор гардид. Ҳадафи асосии конфронс: амалҳо оид ба амнияти обӣ, сафарбаркунии эътилофҳо ва «иттифоқҳои мақсаднок» - пешбурди амалҳои TFWS дар пешорўи Конфронси Созмони Миллали Муттаҳид дар моҳи марти соли 2023 ва суръат бахшидан ба татбиқи онҳо буд.

  Конфронси TFWS 185 нафар иштирокчиёнро аз минтақаҳои гуногун ва гурўҳҳои манфиатдор ҷамъ овард. Аз тарафи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Пулатов Я.Э. намояндагӣ намуд. Натиҷаҳои конфронси TFWS дар Ню-Йорк барои нишон додани ўҳдадорӣ ба амалҳо оиди афзалиятнокии амнияти обӣ ва баланд бардоштани шўҳратпарастӣ дар Конфронси обии Созмони Миллали Муттаҳид дар соли 2023 пешкаш гардиданд. Маълумоти иловагиро оиди конфронс дар сомонаи ИВМИ (IWMI) (https://www.iwmi.cgiar.org) ва https://fd2.formdesk.com/millennium/TFWS пайдо кардан мумкин аст.

 

 

Last modified on Панҷшанбе, 02 Март 2023
Яндекс.Метрика