Ректор, профессор Жило Гулназарзода дар бораи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо, мубрамияти мавзуҳои баррасишавандаи конференсия, проблемаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи саманоки об сухан гуфта, саҳми Тоҷикистонро дар ин масъалаи муҳими ҷаҳонӣ бузургу саривақтӣ номид.
Дар идома, муовини директор оид ба илм ва таълими Пажӯҳишгоҳи масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дотсент Номвар Қурбонов дар мавзуи “Таъсири равандҳои иқлимӣ ва захираҳои об” ва дотсенти кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳии ДМТ, профессори Академияи табиатшиносии Россия дар мавзуи “Тағийрёбии иқлим ва таъсири он ба иқтидорҳои обии сайёра: масъалаҳои таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ (таҳлили муқоисавӣ)” маъруза намуданд.
Ҳамчунин, мудири кафедраи географияи табии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, дотсент Раҳматулло Раупов дар мавзуи “Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим ва экология” ва дотсенти кафедраи информатика ва фанҳои табиӣ - риёзии Донишгоҳ Ҳикматулло Абдуллозода дар мавзуи “Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи пиряхҳо” суханронӣ карданд.
Сипас, Наврӯз Сайфуллоев, муовини сардори раёсати мониторинги муҳити зисти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва И.Сангов, намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тағйирёбии иқлим ва иқдомоти ҷаҳонии Ҳукумати кишвар баромад намуданд.
Мавриди зикр аст, ки бо ибтикори кафедраи информатика ва фанҳои табиӣ - риёзӣ ва шуъбаи кор бо ҷавонон намоиши дастовардҳои Донишгоҳ, ҳунарҳои дастии донишҷӯён ва ихтирооти дастии омӯзгорону донишҷӯён ба маърази тамошои иштирокчиёни конференсия гузошта шуда буд.
Last modified on Панҷшанбе, 15 Июн 2023