wrapper

Навидҳои рӯз

   Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Институти муҳандисони ирригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи ш.Тошканд» ва Институти байналмилалии идоракунии захираҳои об (IWMI) дар доираи ташаббуси NEXUS GAINS аз 21 то 25 августи соли 2023 дар ш.Тошканд  2-умин Дарсҳои байналмилалии тобистона – 2023 “Арзёбии устувории робитаи об-энергия-озуқаворӣ-муҳити зист барои обёрии кишоварзӣ: Равишҳои байнисоҳавӣ барои Осиёи Марказӣ (WEFCA)”-ро омода намуданд.

  Дар Дарсҳои тобистона намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Покистон, Ҳиндустон, Олмон, Русия ширкат варзиданд. Барнома ба омӯзиши робитаҳои об, энергетика, ғизо ва муҳити зист (WEFE) дар ҳавзаи баҳри Арал барои расидан ба як қатор ҳадафҳои рушди устувор ва дастгирии рушди фарогир дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он бахшида шуда буд.

  Дар кори дарсҳои тобистона Пулатов Я.Э. - мудири шӯъбаи технологияҳои инноватсионӣ ва тадқиқотҳои илмӣ-маърифатии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви хориҷии Академияи илмҳои Русия, профессори Иттифоқи академияи Оксфорд, ходими шоистаи илм ва техникаи РАЕ, раиси Шарикони обии Тоҷикистон, доктори илмҳои хоҷагии қишлоқ, профессор иштирок варзиданд. Пулатов Я.Э. дар мавзӯи «Муносибатҳои мутақобилаи об-энергетика-озукаворӣ-экосистемаҳо (WEFE) дар хавзаи дарьёи Сир маърӯза карданд.

Last modified on Чоршанбе, 30 Август 2023
Яндекс.Метрика