Аз 23 то 25 июни соли 2025 дар толори Балхии меҳмонхонаи Румӣ (Душанбе) Конфронси III-юми байналмилалии "Ҳолат ва дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда дар Тоҷикистон" баргузор гардид. Давоми се рӯзи баргузории конфронси мазкур кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолона ширкат варзиданд.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронси мазкур директори институт, доктори илмҳои техникӣ Аминҷон Гулаҳмадзода суханронӣ намуд.
Дар бахшҳои илмии конфронс бошад, ходимони илмии институт Саломат Давлатшоев ва Сӯҳбатҷон Баҳриев бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.