wrapper

Навидҳои рӯз

Навидҳо

Ҷойи ифтихорӣ докторант дар озмуни ҷумҳуриявӣ

  Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» миёни донишҷўён, магистрантон, докторантон аз рўи ихтисос (Ph.D) ва унвонҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

  24 апрели соли 2024 бахшида ба Рӯзи илми тоҷик маросими ҷоизасупории ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» бо иштироки роҳбарони сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ доир шуд.

Муфассал...

Иштирок ва суханронии директори Институт дар ҷаласаи чоруми машваратии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори ХБНА

  Иштирок ва суханронии директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Амирзода Ориф Ҳамид дар Ҷаласаи чоруми машваратии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори ХБНА, шаҳри Остона, Қазоқистон, 27 марти соли 2024.

Муфассал...

Байни Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгории Синзияни Ҷумҳурии Мардумии Чин Қарордод оид ба тасмими ҳамкориҳо ба имзо расид

   Дар доираи татбиқи амалии банди 9.3. Нақша чорабиниҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Хитой аз 7 сентябри соли 2022, инчунин Протоколи ҷаласаи сеюми комиссияи Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ байни Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгории Синзияни Ҷумҳурии Мардумии Чин Қарордод оид ба тасмими ҳамкориҳо ба имзо расонида шуд. 

Муфассал...

Ҷаласаи ҳайати таҳририяи маҷалла

  Санаи 19 январи соли 2024 таҳти раёсати директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сармуҳаррири маҷалаи илмии «Захираҳои об, энергетика ва экология» Ориф Амирзода ҷаласаи нахустини ҳайъати таҳририяи маҷаллаи мазкур дар соли 2024 баргузор гардид.

Муфассал...
Яндекс.Метрика