wrapper

Навидҳои рӯз

Навидҳо

Мактуби иттилоотӣ

Мактуби иттилоотӣ

 Дар асоси нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва нақша-чорабиниҳои илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институт санаи 6-7 октябри соли 2023 Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Захираҳои об, инноватсия, захира- ва энергиясарфанамоӣ»-ро баргузор менамояд.

Муфассал...

Иштироки кормандони Институт дар семинари САҲА

 Аз 20 то 24 марти соли 2023 дар Дафтари кории Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Душанбе, барои муҳаққиқони ҷавони Тоҷикистон як мастер-класси «Илм барои дипломатия» баргузор гардид.

  Чорабинӣ ба навиштан ва нашри мақаҳолаҳои илмӣ дар оянда, дар маҷаллаҳои илмии байналмилалӣ бахшида шуда буд. Дар мастер-класс ду корманди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии имлҳои Тоҷикистон, ходими илмии лабораторияи «Иншооти гидротехникӣ» Наврўзшоев Ҳофиз ва корманди шуъбаи «Ҷустуҷў ва татбиқи лоиҳаҳо» Фатуллоева Зарина иштирок намуданд.

Муфассал...

Муҳтарам ҳамкорон, истифодабарандагон ва алоқамандон!

  Муҳтарам ҳамкорон, истифодабарандагон ва алоқамандон!

  Ба иттилои шумо мерасонем, ки Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ба суроғаи нав кӯчидааст. Суроғаи нав: 734025, ш.Душанбе, кӯчаи Бофанда, 5/2, тел.: 93 474 88 66, 93 440 65 04.

Муфассал...

Нақши Тоҷикистон дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид бағоят муҳим эътироф мегардад

  22-24 март дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти  Муттаҳидаи Амрико Конфронси Созмони Милали Муттаҳид доир ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор гардид. Вобаста ба баргузории ин конфронси таърихӣ мақолаи олимони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст, пешкаши хонандагон гардонида мешавад.

Муфассал...
Яндекс.Метрика