wrapper

Навидҳои рӯз

Навидҳо

Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамватанони азиз!

Дирӯз, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми моро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуд.

Тибқи ин қатънома, аввалан, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд.

Муфассал...

ХАБАРИ ХУШ! Маҷмаи Умумии СММ ташаббуси навбатии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати эълон намудани соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дастгирӣ кард

 14 декабр Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Муфассал...

Эълон

     

ЭЪЛОН

  Институт масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар арафаи Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз 22 то 24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерландия баргузор мегардад, нашри махсуси маҷаллаи илмӣ-амалии «Захираҳои обӣ, энергетика ва экология»-ро (Ҷилди 3, №1, 2023) интишор менамояд.

Муфассал...

Сухан аз Иҷлосияи тақдирсоз ва рӯзи Президент

  Санаи 14.11.2022 таҳти раёсати муовини директор оид ба илм ва таълим, номзади илмҳои техникӣ Номвар Қурбон дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Муфассал...
Яндекс.Метрика