wrapper

Новости дня

 Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» аз 27 марти соли 2021, таҳти №88 ва тибқи нақшаи чорабиниҳои илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи 22-23 октябри соли 2021 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Захираҳои обӣ: ҳолат, нигоҳи нав ва дурнамои рушд» баргузор мегардад. Дар конференсияи мазкур оид ба равандҳои асосии тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба миқдор ва сифати захираҳои обӣ, масъалаҳои рушди устувор, раванди гармшавии глобалии иқлим, истифодаи самараноки захираҳои обӣ, тадқиқи ҳолат ва ҳифзи пиряхҳо, мониторинги экосистемаҳо дар шароити иқлими тағйирёбанда ва дурнамои рушди соҳаҳои марбут ба обу иқлим мавриди таҳқиқу муҳокима қарор мегиранд.

Самтҳои кори конференсия аз бахшҳои зерин иборат аст:

  • Таъсири тағйирёбии иқлим ва ҳолати захираҳои обӣ;
  • Рушди устувор дар раванди гармшавии глобалӣ;
  • Дурнамои рушди гидроэнергетика ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
  • Омӯзиши ҳолат ва ҳифзи пиряхҳо;
  • Экология ва ҳифзи муҳити зист.
  • Сифати оби нӯшокӣ ва обтаъминнамоии шаҳру деҳот.

 

Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш дорем, ки барои иштирок дар кори конференсия олимону мутахассисони варзидаи муассисаи худро шомил намоед.

Забони кори конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.

Маводҳои конфренсия дар нашри махсуси маҷаллаи илмӣ-амалии «Захираҳои обӣ, энергетика ва экология» чоп мешаванд.

Бинобар ин, хоҳишмандем, маводҳоро мутобиқ ба талаботи мақола (УДК аз боло, номи мақола бо ҳарфҳои калон, ному насаби муаллиф (он), ҷойи кор, E-mail, шарҳи мухтасар (аннотатсия), калидвожаҳо, матни асосӣ, рӯйхати адабиёт, маълумот дар бораи муаллиф (он)) дар шакли электронӣ ва чопӣ дар ҳаҷми аз 5 то 10 саҳифа пешниҳод намоед.

Таҳриргарҳои MS Word, ҳуруфи Times New Roman ва барои мақолаҳо бо забони тоҷикӣ Times New Roman Tj. Маводи маърӯзаҳо ва дархостатонро барои иштирок дар кори конференсия то 10-уми октябри соли 2021 ирсол намоед.

Ҳамкорони азиз! Лутфан таваҷҷуҳ намоед: ҳайати таҳририяи маҷалла ҳуқуқ дорад, ки мақолаҳои ба талабот ҷавобгӯй набударо ба маҷмӯа дохил накунад (аз ҷумла, ҳаҷми матн, ороиши ҷадвалҳо ва расмҳо).

Маводҳоро ба суроғаи зерин ирсол намоед: 734042, ш.Душанбе, к.Айнӣ, 14А, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ё суроғаҳои электронии orif2000@mail.ru, ahsanjon76@mail.ru.

Телефонҳо барои тамос: (+992) 93-728-72-72; 93-474-88-66; 93-583-95-35.

АЗ ИШТИРОКАТОН САРФАРОЗЕМ!

Последнее изменение Пятница, 15 октября 2021
Яндекс.Метрика