wrapper

Breaking News

 Шӯрои диссертатсионии байнидавлатии Д 25.17.544 КОА Ҷумҳурии Қирғизистон назди Институти масъалаҳои об ва гидроэнергетикаи АМИ Ҷумҳурии Қирғизистон, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо салоҳияти дифоъ кардани рисолаҳо дар се ихтисоси илмӣ: 25.00.07 - Гидрогеология (дар илмҳои геологӣ-минералогӣ ва техникӣ); 25.00.08 - Геологияи муҳандисӣ, яхбандии абадӣ ва хокшиносӣ (дар илмҳои геологӣ-минералогӣ ва техникӣ); 25.00.27 - Гидрологияи хушкӣ, захираҳои обӣ, гидрохимия (дар илмҳои техникӣ ва ҷуғрофӣ) фаъолият менамояд.

Ҳамчунин, бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии (КАО) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2018 дар назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-041 оид ба ҳимояи диссертатсияҳои номзадӣ ва докторӣ ба фаъолият оғоз намуд. Соли 2020 дар институт 11 дифоъ баргузор гардид, ки аз инҳо 3 нафар барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм буданд. Унвонҷӯёне, ки ба дараҷаи илмӣ сазовор гардиданд, намояндагони қариб ҳамаи донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Яндекс.Метрика