wrapper

Навидҳои рӯз

   Монография мувофиқи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ оид ба бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ва обанборҳо, дар мисоли обанбори Норак дар дарёи Вахш таълиф ёфтааст. Натиҷаҳои тадқиқоти тағйирёбии иқлим дар минтақаи ташаккули захираҳои оби ҳавзаи баҳри Арал, пиряхҳо ва ҳавзаи дарёи Вахш, раванди лойқашавии обанбори Норак ва идоракунии хавфи он мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

  Ҳамин тавр, монографияи мазкур натиҷаи тадқиқоти чандинсолаи муаллифон дар соҳаи тағйирёбии иқлим умуман дар ҳавзаи баҳри Арал ва алалхусус, дар Тоҷикистон, лойқанокшавии обанбори Норак ва таъсири он ба хусусиятҳои НБО мебошад ва он аз панҷ боб иборат аст.

  Монография метавонад барои бакалавру магистрҳо, инчунин аспирантҳо, адъюнктҳо, омўзгорон ва ходимони илмии Академияи ҳифзи граждании ВҲФ Россия муфид бошад..

Баланд бардоштани бехатарии иншооти гидротехникӣ. Қисми 2. Дар мисоли обанбори НБО-и Норак дар дарёи Вахш. - Химки: Академияи ҳифзи граждании ВҲФ Россия, 2021. - 192 с.

Last modified on Ҷумъа, 19 Август 2022
Яндекс.Метрика