wrapper

Навидҳои рӯз

  Шурои олимон (илмӣ)-и Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 26 августи соли 2022, суратҷаласаи №10 ба чоп тавсия намудааст.
  Зери назари
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, академик Фарҳод Раҳимӣ

  Мураттиб ва муҳаррирон:
Ориф Амирзода, Номвар Қурбон, Ҳасан Асоев

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун ташаббускори ғояҳои башардӯстона ва ҳамгироёнаи масоили обу иқлим ва ҳифзи муҳити зист эътироф гардидаанд ва маҳз дар заминаи ташаббусу пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ – Созмони Милали Муттаҳид нуҳ қатънома қабул кардааст. Аз ин рӯ, андешаҳои Пешвои муаззами миллат оид ба мушкилоти об, иқлим, экология, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист, ки дар асоси арзишҳои муосиру дақиқи илмӣ баён ва пешниҳод гардидаанд, заминаи хубе барои омӯзишу пажӯҳиши оянда мебошанд. Бо ин мақсад дар китоби «Пешвои миллат: масоили об, иқлим ва экология» чанд маълумоти мухтасар аз ташаббусҳои ҷаҳонии Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили обу иқлим, иштироку суханрониҳои Сарвари давлат дар ҳамоишҳои минтақавию байналмилалии марбут ба ин мушкилот, мавзуъҳои об, иқлим ва экология дар Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ва инчунин, андарзҳои Пешвои миллат доир ба об, иқлим ва экология гирдорварӣ шудаанд.

  Пешвои миллат: масоили об, иқлим ва экология.  Мураттиб ва муҳаррирон: Ориф Амирзода, Номвар Қурбон, Ҳасан Асоев. Душанбе: "Дониш", 2022, -С. 134.   

Last modified on Шанбе, 22 Октябр 2022
Яндекс.Метрика