wrapper

Навидҳои рӯз

  Дар дастури методии мазкур хусусиятҳои техникӣ, тавсифҳо, тартиби кор, тарзи санҷиш ва коркарди натиҷаҳои ченкунии ченкунакҳои геотермӣ ва кондуктометрӣ ифода ефтаанд. Ин дастури методӣ ба мутахассисони соҳаҳои «Иншоотҳои гидротехникӣ», «Бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» ва «Бехатарӣ дар ҳолатҳои фавқуллода» ва донишҷӯёну магистрҳое, ки фанҳои «Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия», «Автоматикунонии ченкунӣ, санҷиш ва назорат» ва «Системаҳои иттилоотӣ-санҷишӣ»-ро меомӯзанд тавсия карда мешавад.

  Зиёдшавии сохтмони иншоотҳои гидротехникӣ зарурати омӯзиши марзҳои аз нигоҳи муҳандисию геологӣ номусоид, аз ҷумла маъданҳои ҳалшаванда (оҳаксанг, гипс, ангидрид, намаки сангӣ)-ро ба миён оварда, дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба устувории асосҳои муҳандисии объектҳои гидротехникӣ таваҷҷӯҳи махсусро талаб мекунад. Дастури пешниҳодшуда дар асоси таҷрибаи бисёрсолаи тадқиқотҳои саҳроии объектҳои гидротехники НБО Роғун тарбиб дода шудааст.

Last modified on Панҷшанбе, 19 Май 2022
Яндекс.Метрика