wrapper

Навидҳои рӯз

Эҳдо ба 20-солагии таъсиси Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва

экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.

 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат баҳри ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла масоили тамоюлоти раванди тағйирёбии иқлим ва истифодаи оқилонаю самараноки захираҳои обӣ пайваста ҷаҳду талош менамояд.

  Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат оид ба мушкилоти об дар асоси далелҳои муътамади илмӣ ва мушоҳидаҳои амиқ хулосабарорӣ гардида, баҳри рафъи мушкилоти умумибашарӣ нигаронида шудаанд. Маҳз дар асоси ин иқдомот бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ – Созмони Милали Муттаҳид оид ба рафъи мушкилоти об чаҳор қатънома қабул намуд, ки
нишонаи баланди эътироф ва далели раднопазири мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Илова бар ин, бо ташаббуси Пешвои миллат масъалаҳои беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва ба роҳ мондани мудирияти ҳамгироёнаи онҳо ва инчунин, ҳифзи низоми экологии об ва дигар масоили марбут ба об ба рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд ворид гардидаанд, ки ин худ яке аз дастовардҳои муҳимми талошҳои муштараки чанд соли охири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.


Ориф Амирзода, Номвар Қурбон. Ташаббусҳои Тоҷикистон вобаста ба масоили об ва таъмини ҳадафҳои рушди устувор. - Душанбе: «Дониш», 2022. - 79 с.

Last modified on Шанбе, 22 Октябр 2022
Яндекс.Метрика