wrapper

Навидҳои рӯз

  Ҳавзаи дарёи Зарафшон яке аз ноҳияҳои аз назари иқлимӣ мураккаби на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми Осиёи Марказӣ мебошад. Релефи кўҳӣ, минтақаи баланди иқлимӣ, гуногунии амиқи шароитҳои метеорологӣ сабаби пайдоиши фарқиятҳои зиёди иқлимӣ гардидааст.

  Имрўз инсон ба проблемаи тағйирёбии глобалии иқлим рў ба рў шудааст, ки он ба дигаргуншавии ҳолати табиии инкишофи системаҳои экологӣ таъсири назаррас расонида, сабабгори зиёдшавии шумораи ҳодисаҳои фавқулода ва тағйирёбии иқлими кураи арз гардидааст. Албатта, ин дар муҳити атроф, дар натиҷаи робитаи байниҳамдигарии инсон ба табиат инъикос меёбад.

Дар замони муосир омўзиши тағйирёбии иқлими минтақавӣ дар заминаи гармшавии глобалии иқлим, дар алоқамандии шароитҳои метеорологӣ ва таъсири онҳо ба захираҳои обӣ, системаҳои экологӣ, ки дар фазо ва вақт тағйир ёфта истодаанд, аҳамияти бузурги илмию амалӣ дорад. Муқоисаи мушоҳидаҳои дарозмуддати бузургиҳои метеорологии ҳавзаи дарёи Зарафшон дар марзи Тоҷикистон имкон медиҳад, ки қонунмандии умумӣ ва хусусиятҳои алоҳида муайян карда шаванд ва ин ба рушди механизми самараноки мутобиқсозии системаҳои экологӣ ба тағйирёбии иқлим ва муқовимати онҳо ба ҳодисаҳои фавқулодаи хусусияти табиидошта муосидат менамояд.

 Ташаккули таркиби захираҳои оби ҳавзаи дарёи Зарафшон: Таъсири тағйирёбии иқлим ба шароити ташаккул ва таркиби химиявии захираҳои оби ҳавзаи дарёи Зарафшон. - LAP Lambert Academic Publishing, 2021. - 145 cаҳ.

Яндекс.Метрика