wrapper

Навидҳои рӯз

  26-27 апрели соли 2022 дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон конфронси илмӣ-амалии байналмиллиалии «30 соли ҳамкориҳои обии давлатҳои Осиёи Марказӣ: нигоҳи боитминон ба оянда», ки ба ифтихори 30-солагии ташкили Комиссияи ҳамоҳангсозии обу хоҷагии байнидавлатӣ (КҲОХБ)-и Осиёи Марказӣ гузаронида шуд. Мақсадҳои асосии гузаронидани конфронси мазкур ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти 30-солаи КҲОХБ, маъруфинамоии КҲОХБ ҳамчун механизми ҳамкорӣ, коркарди вазифаҳои ояндае, ки ба амалӣ намудани  барномаҳои дастаҷамъона равона мегарданд, инчунин намоиши илмҳои мутараққӣ беҳтарин таҷрибаву дастовардҳо буданд. Дар доираи конфронс мизҳои мудаввар оид ба мавзўъҳои зерин гузаронида шуданд:

  1. Ҳамкориҳои обии фаромарзии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ: баҳрабардориҳои гирифташуда ва рушди оянда;
  2. Сарфанамоии об ва истифодаи оқилонаи захирахои обӣ дар шароити ивазшавии иқлим;
  3. Илм ва технологияҳои инноватсионӣ дар хизмати бехатарии обӣ (бахшида ба ёдбуди проф. В.А.Духовный);
  4. Ояндаи обии Осиёи Марказӣ: табодули афкор.

Аз тарафи Институти масъалахои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ дар конфронси мазкур д.и.х-к, профессор Пулатов Яраш Эргашевич бо маърўзаҳо иштирок намуданд. Дар саранҷоми конфронс Пулатов Я.Э.  бо дипломи фахрӣ барои иштироки фаъолона дар фаъолияти Комиссияи ҳамоҳангсозии обу хоҷагии байнидавлатӣ ба манфиати халқҳои ҳавзаи баҳри Арал сарфароз гардонида шуданд.

Last modified on Чоршанбе, 04 Май 2022
Яндекс.Метрика