wrapper

Навидҳои рӯз

  Ба табъ расидани монографияи «Влияние изменения климата на условия формирования и химического состава водных ресурсов бассейна реки Зерафшан» аз ҷониби номзади илмҳои техникӣ, ассистенти кафедраи метеорология ва климатологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ходими пешбари илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қурбонов Номвар Бойнзарович ва доктори илмҳои кимиё, профессори кафедраи экологияи Донишгоҳи давлатии гидрометеорологии Россия Фрумин Григорий Тевелевич, тавассути нашриёти байналмилалии Lambert Academic Publishing дар ҳаҷми 145 саҳифа муждаи тозае аз дастовардҳои олимони ҷавони мост.

  Ба ин монография доктори илмҳои кимиё, академики Академияи миллии илмҳои Украина Гончарук В.В., доктори илмҳои география, профессори Донишгоҳи давлатии Ереван (Арманистон) Варданян Т.Г., доктори илмҳои география, профессор, мудири кафедраи гидрологияи хушкии Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек Ҳикматов Ф.Ҳ. ва доктори илмҳои география, профессор, муовини ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғ. Ғафуров Раҳимов А.И. тақриз навишта, ба он баҳои сазовор додаанд.

  Монографияи мазкур аз сарсухан, чор боб, 17 зербоб (параграф), хулоса ва рӯйхати сарчашмаҳо иборат буда, дорои 49 расм ва 38 ҷадвал мебошад, ки аксари дар асоси натиҷаҳои тадқиқоти муштараки муаллифон тасвир карда ва сохта шудаанд. Аз 170 номгӯй адабиёти истифодагардида, 29-тои он мақолаҳои дар маҷаллаҳои бонуфузи дохилию хориҷӣ ба нашр расонидаи муаллифи аввали монография мебошанд.

  Дар сарсухани монографияи «Влияние изменения климата на условия формирования и химического состава водных ресурсов бассейна реки Зерафшан» оид ба мушкилоти соҳавии мавҷуда дар қисмати тоҷикистонии ҳавзаи дарёи Зарафшон сухан рафта, номи олимон ва номгӯйи корҳои онҳое, ки то ин вақт ба омӯзишу пажӯҳиши масоили мухталифи табиати Зарафшон даст задаанд, зикр гардидааст. 

 Боби аввали монографияи мазкур дар бораи хусусиятҳои табиию географии ҳавза, ҳолати муосири захираҳои обии водӣ, рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ дар Зарафшон ва баҳодиҳии иқтисодии захираҳои гидроэнергетикӣ ва рушди соҳаи гидроэнергетика дар ҳавзаи дарёи Зарафшон маълумот медиҳад.

  Дар боби дуюми монография маълумотҳои метеорологӣ аз рӯйи мушоҳидаҳои шабакаҳои обуҳавосанҷии водии Зарафшон (Панҷакент, Сангистон, Мадрушкат, Деҳавз ва Искандаркӯл) гирдоварӣ ва раванди тағйирёбии бузургиҳои метеорологӣ дар давоми солҳои 1931-2017 таҳлил карда шудааст. Тағйирёбии ҳарорати миёна дар ин муддат ба нуҳ даҳсола ҷудо карда шуда, дар асоси ҳисобҳои ин даҳсолаҳо вобастагии реҷаи гидрологии дарёи Зарафшон низ бузургиҳои метеорологӣ муайян муайян карда шудааст. Ҳамчунин, дар ин боби монография таъсири тағйирёбии иқлим ба раванди коҳишёбии пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон ба таври назаррас нишон дода шуда, дар асоси аксбардориҳои моҳворавӣ раванди таназзулёбии пиряхҳои ҳавза ва вобастагии ин раванд аз тағйирёбии ҳарорати ҳаво, боришоти атмосферӣ, давомнокии нурпошии офтоб ва дигар бузургиҳои метеорологӣ муқоиса гардидааст.

  Боби сеюм дар бораи таъсироти антропогении объектҳои саноатӣ ва хоҷагии деҳот ба таркиби химиявӣ ва сифати оби захираҳои обии ҳавзаи дарёи Зарафшон маълумот медиҳад. Дар асоси маълумотҳои саҳроии давоми солҳои 2012-2016 гузаронидаи муаллиф ба объектҳои гидрологӣ ва глятсиологии ҳавзаи дарёи Зарафшон ва инчунин, муқоисаи онҳо ба корҳои олимони дигар хулосаҳои амиқи илмӣ бароварда шудаанд. Аз ҷумла, муаллифон зимни гирифтани чандин намунаҳо аз оби дарёи Яғноб, пеш аз партовгоҳ ва баъди партовгоҳи калонтарин корхонаи маъдантозакунии водӣ - Комбинати маъдантозакунии Анзоб муайян кардаанд, ки нишондиҳандаҳои химиявии таркиби об аз ҳадди ниҳоии консентратсия баланд нестанд, яъне ин корхонаи саноатӣ ба таркиби химиявӣ ва сифати об таъсири манфӣ надорад. Ҳамчунин, дар ин боб бори нахуст тадқиқоти маҷмӯии гидрохимиявӣ дар яке аз кӯлҳои зебои кишвар – Искандаркӯл ва дарёҳои ба он воридшаванда гузаронида шуда, дар асоси ин маълумотҳо хулосаҳои дақиқи илмӣ бароварда шудаанд.

  Боби чоруми монография ба баҳодиҳии экологию иқтисодии хисороти ҳолатҳои фавқулодаи марбут ба тағйирёбии иқлим бахшида шудааст. Дар ин боб муаллифон ҳолатҳои фавқулодаи алоқаманд ба тағйирёбии иқлимро дар миқёси ҷумҳурӣ таҳлилу баррасӣ намуда, дар асоси миқдори рӯйдоди чунин ҳодисаҳо тавассути СИҶ-технологияи харитаҳои мухталиф тартиб додаанд, ки аҳамияти калони илмӣ доранд. Дар асоси маълумотҳои аз соли 1998 то соли 2016 гидоварикарда, сабаб ва омилҳои ба вуқӯъ пайвастани ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти гидрометеорологидошта мариди тадқиқ қарор гирифта, дар заминаи мувофиқ омадани онҳо ба дигаргуншавиҳои шадид дар раванди тағйирёбии бузургиҳои метеорологӣ, натиҷаҳои илмии тавсишаванда ба даст оварда шудаанд.

  Дар асоси маъулмотҳои дар рафти корҳои саҳроӣ гузаронида, натиҷаҳои илмии бадастоварда ва омӯзишу таҳлили адабиёти соҳавӣ дар интиҳо даҳ хулосаи комилан нави илмӣ бароварда шудаанд, ки на танҳо аҳамияти назариявӣ, балки хусусияти тавсиявию амалӣ низ доранд.

  Ҳамин тавр, монографияи «Влияние изменения климата на условия формирования и химического состава водных ресурсов бассейна реки Зерафшан»-и Номвар Қурбонов ва Григорий Фрумин рисолаи комили илмӣ-тадқиқотиест, ки халоеро дар соҳаҳои метеорология, климатология, гидрология, гидрохимия, экология ва ҳифз аз ҳолатҳои фавқулода пур менамояд.

 

Саида НАБИЗОДА

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Last modified on Душанбе, 21 Июн 2021
Яндекс.Метрика