wrapper

Навидҳои рӯз

  Санаи 19 январи соли 2024 таҳти раёсати директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сармуҳаррири маҷалаи илмии «Захираҳои об, энергетика ва экология» Ориф Амирзода ҷаласаи нахустини ҳайъати таҳририяи маҷаллаи мазкур дар соли 2024 баргузор гардид.

  Дар кори ҷаласа муовини директор оид ба илм ва таълим, муовини сармуҳаррир Номвар Қурбон, котиби масъул Нозимшо Ҳасанов, аъзои ҳайъати таҳририя Сабур Абдуллоев, Ҷамшед Абдушукуров, Рустам Азизов, Саломат Давлатшоев, Анвар Қодиров, Фарангис Қориева, Набӣ Носиров, Яраш Пулатов, Маҳмадшариф Ҳақдод ва Фирдавс Шаймуродов ширкат варзиданд.

  Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои интихоби ҳайати нави таҳририя, бақайдгирии маҷалла ба Феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Руссия, бознигарии раванди ҷойгирнамоии маҷалла ва мақолаҳои он дар Шохиси иқтибосҳои илмии Руссия (РИНЦ), баланд бардоштани нишондиҳандаҳои илмии маҷалла дар шохиси Хирша (ё h-индекс), муайян намудани меъёри талабот барои шарҳи мухтасари (аннотация) мақолаҳо, бознигарии номи бахшҳои маҷалла, ҷорӣ намудани антиплагиат барои мақолаҳо, тақсимоти ҳатмии маҷалла ба вазорату муассисаҳои марбута ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

  Ёдовар шудан ба маврид аст, ки маҷалаи илмии «Захираҳои об, энергетика ва экология» соли 2021 таъсис ёфта, бо даврияти дар як сол чор шумора ба нашр мерасад ва давоми солҳои 2021-2023 12 шумораи маҷаллаи мазкур ба нашр расидааст.

  Маҷалаи илмии «Захираҳои об, энергетика ва экология» аз 16 марти соли 2021 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (№191-МҶ-97) ба қайд гирифта шуда, аз 29 майи соли 2023 шомили Феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (https://vak.tj/index.php/majallahoi-takrizshavanda/ma-alla-oi-ta-rizshavanda) мебошад.

 Тавъам ба ин, ҳама шумораҳои маҷаллаи мазкур дар Системаи интеллектуалии тадқиқоти мавзуӣ оид ба меъёрҳои илмӣ (https://istina.msu.ru/journals/404884506/) ва Махзани донишҳо дар бораи захираҳои об ва экологияи Осиёи Марказӣ (CA Water Info – http://www.cawater-info.net/library/magazines-tj.htm) ҷойгир карда шудаанд.

Last modified on Ҷумъа, 19 Январ 2024
Яндекс.Метрика