wrapper

Навидҳои рӯз

  5 январи соли 2022 дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси умумии солонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки аъзои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, роҳбарони муассисаҳои илмию тадқиқотии АМИТ, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа М.Абдуллозода, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони воситаҳои ахбори ватанӣ доир гардид, ки дар он гузориши президенти АМИТ Ф. Раҳимӣ оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 мавриди баррасӣ, муҳокима ва тасдиқ қарор гирифт.

  Дар гузориш аз ҷумла, зикр карда шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии худро дар соли 2021 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021, ҳамчунин ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 апрели соли 2021 ҳамчунин дар доираи амалисозии Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030, ҳамчунин тибқи самтҳои афзалиятноки илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар соли 2021 ба роҳ монда, нерӯи илмиро барои тараққӣ додани тадқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотии академӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, амалӣ намудани сиёсати илмию техникӣ, таҳлили рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи тавсияҳои дахлдор, омӯзиши дастовардҳои илм ва техноло¬гияи ҷаҳонӣ, мусоидат ба истифодаи ин дастовардҳо дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян кардану дастгирӣ намудани муҳаққиқони ҷавони лаёқатманд, мусоидат ба рушди эҷодии олимони ҷавон, тарбияи кадрҳои илмии тахассуси олӣ равона кард ва дар ин муддат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

  Дар соли 2021 олимони Академияи миллии илмҳо тадқиқотро аз рӯйи 111 мавзӯъ, аз ҷумла 68 мавзӯи илмӣ-тадқиқотии бунёдӣ, 15 мавзӯи илмӣ-тадқиқотии амалӣ ва 28 мавзӯи илмӣ-тадқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.

  Аз рӯйи натиҷаҳои илмии бадастомада дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии АМИТ қариб 3400 кори илмӣ, аз ҷумла беш аз 250 китобу монография, маҷмӯаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, 3150 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ, аз онҳо 2500 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 230 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва қариб 100 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷи дур ба нашр расиданд.

  Дар соли 2021 аз тарафи олимони АМИТ 18 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ва 21 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот ба даст оварда шуд.

  Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот 26 коркард ва таклифу тавсияҳои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

  Дар соли 2021 вобаста ба масъалаҳои муҳимми илмӣ дар АМИТ беш аз 80 чорабинии илмӣ, аз ҷумла, 5 симпозиуми байналмилалии илмӣ, 10 конференсияи илмии байналмилалӣ, 28 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 1 сессияи илмӣ, 28 семинари ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, 6 мизи мудаввар ва 3 курси омӯзишӣ омода ва баргузор карда шуданд.

  Дар соли 2021 Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 32 ҷаласа доир намуд, ки дар онҳо 135 қарор ва беш аз 560 амр мансуб ба фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилӣ ва корҳои молиявиву хоҷагидории АМИТ қабул гардиданд. Дар давраи ҳисоботӣ Раёсати АМИТ 3 маҷлиси умумии АМИТ, 4 ҷаласаи васеи Раёсати АМИТ, 8 маҷлиси тантанавӣ доир намуд.

  Раёсати АМИТ бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 2021, №АП-39, нақшаи чорабиниҳои худро доир ба бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" зикр гардидаанд, таҳияю тасдиқ карда, онҳоро мавриди иҷро қарор дод.

  Бо мақсади баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури техникии аспирантону магистрантҳои АМИТ, ҳамчунин баррасӣ кардани баъзе масъалаҳои муҳимми илмӣ, аз 3 январи соли 2021 дар Раёсати АМИТ ҳар ҳафта, рӯзҳои чоршанбе бо иштироки кормандони муассисаҳои илмии АМИТ, муассисаҳои академияҳои соҳавӣ, магистрантҳою аспирантҳои АМИТ, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва донишҷӯёни онҳо семинарҳои илмии яксоата ташкил карда шуданд, ки дар онҳо масъалаҳои муҳимми илмӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд, масалан, «Назарияи интернет дар илми муосир», «Вазъи пиряхҳои Тоҷикистон ҳамчун манбаи об дар раванди гармшавии глобалӣ», «Нақши мантиқ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ», «Усулҳои нави илмию тадқиқотӣ”, “Ғояи миллӣ ва истиқлоли давлатӣ” ва монанди ин.

  Рӯзи 15 феврали соли 2021 дар толори АМИТ бо намояндагони воситаҳои ахбори умум нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он президенти АМИТ Ф. Раҳимӣ оид ба дастовардҳои илмии олимони Академияи илмҳо дар соли 2020 гузориши муфассал намуд. Дар нишасти матбуотӣ байни олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори умумии ҷумҳурӣ гуфтугузори самарабахше дар бораи фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муассисаҳои илмии тобеъи он, ояндаи рушди илми ҷумҳурӣ, коркардҳои илмӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот ва масъалаҳои дигари муҳими илмӣ сурат гирифт. Ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори умум президенти Академияи илмҳо ва роҳбарони муассисаҳои илмӣ посух доданд. Маълумот дар бораи натиҷаи нишасти матбуотӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

  12-13 марти соли 2021 дар АМИТ бо мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ба омӯзиши илмҳои муосир ва муайян намудани донишҷӯёни болаёқат барои минбаъд ба соҳаи илм ҷалб намудани онҳо Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи милили илмҳои Тоҷикистон» гузаронида шуд. Имсол Олимпиада бахшида ба эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва техникӣ” аз рӯйи соҳаҳои зерини илм доир карда шуд: математика ва информатика, физика, химия, астрономия, биология, геология. Олимпиада дар ду давр доир карда шуд. Даври якум аз 15 феврал то 1 марти соли 2021 дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ва даври дуюм аз 12 то 13 марти соли 2021 дар толори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ гузаронида шуд. Дар даври дуюм аз 28 муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ қариб 194 нафар донишҷӯён иштирок намуданд. Дар натиҷа бо қарори Кумитаи тадорукоти Олимпиада 16 нафар донишҷӯёни беҳтарин ғолиби ҷойи якум бо гирифтани «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», 22 нафар ғолибони ҷойи дуюм ва 34 нафар ғолибони ҷойи сеюм бо дипломҳо сарфароз гардонида шудаанд. Беш аз 50 нафар донишҷӯёне, ки ҷойҳои 4 то 5-умро сазовор гардиданд, бо «Ифтихорномаҳои АМИТ» қадрдонӣ карда шуданд.

  15 апрели соли 2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он масъалаи пайвасти илм бо истеҳсолот мавриди баррасии амиқ қарор гирифт. Дастовардҳои солҳои охири олимони кишварро таҳлил намуда, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки пешравиҳои то имрӯз ноилшудаи олимони мо дар муқоиса бо талаботи замон, алалхусус, барои таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёти кишвар қонеъкунанда нестанд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди олимон вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Бо мақсади ислоҳи вазъ ва тақвият бахшидан ба нерӯи зеҳнии ҷомеа Ҳукумати мамлакат солҳои 2020 - 2040-ро “Бистсолаи омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуда, инчунин, ҷиҳати амалисозии ин иқдом доир ба гузаронидани озмуни ҳарсолаи “Илм - фурӯғи маърифат” қарор қабул кард. Ҳадафи асосӣ аз иқдомоти зикршуда ташаккул додани ҷаҳонбинии илмии ҷомеа, рушди тафаккури техникӣ, пайванди илм бо истеҳсолот ва хусусан, ҷалб намудани ҷавонон ба ихтироъкорӣ ва навоварӣ ба шумор меравад. Вобаста ба таъсиси шабакаи телевизионии “Илм ва табиат”, ки бо супориши бевоситаи Сарвари давлат ташкил ва ба фаъолият оғоз намуд, Президенти мамлакат бо итминон иброз доштанд, ки шабакаи зикршуда барои тарғиби илму инноватсия, дастовардҳои соҳаи маориф, ташвиқи табиати зебои Тоҷикистон ва сарватҳои табиии он, инчунин, амалӣ гардидани барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2020 - 2040” саҳми арзишманд мегузорад. Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки ҳамаи ин ибтикорот на танҳо ба такмили ҷиддии низоми идораи соҳа ва пайвастани илми ватанӣ бо истеҳсолот, балки дар маҷмуъ, ба рушди минбаъдаи илм, маориф ва инноватсия дар кишвари мо мусоидат хоҳад кард. Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои илму инноватсия, пайвандии илму истеҳсолот Президенти Академияи миллии илмҳо Фарҳод Раҳимӣ, доктори илмҳои химия, директори Институти илмию тадқиқотии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икром, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ Ориф Амирзода, ходими илмии Маркази инноватсионӣ оид ба омӯзиши маводи табиии АМИТ Фаррух Шарофов, сарходими илмии Институти химияи АМИТ Зайниддин Муҳиддинов ва дотсенти кафедраи “Ҳимояи релеӣ ва автоматика”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Борбад Мирзозода бо таклифу пешниҳодҳо барои рушди илму инноватсия дар Тоҷикистон баромад карданд.

  Бо мақсади таъмини иҷрои банди 6 Нақшаи чорабиниҳои ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2018, №510 тасдиқ шудааст ва розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №16/1-11аз 01.02.2021, рӯзи 6 сентябри соли 2021 дар маҷлисгоҳи АМИТ Симпозиуми байналмилалии илмии «Тоҷикистон дар масири таърих: истиқлолият, дастовард ва дурнамо», ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ баргузор гардид. Мақсад аз баргузор кардани симпозиум баррасии илмӣ ва мавриди муҳокима қарор додани масъалаҳои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар (бо назардошти ҳамаи мушкилот ва дастовардҳо) ва дурнамои рушди он буд. Дар қисми пленарии кори симпозиум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон, Сайид Ҷалоли Бадахшонӣ (Англия), Азиз Бориз (коршинос аз Британияи Кабир), Додуллоҳ Ҳассос (Канада), Саъдуддин Куҷотурк (Туркия), Раиси ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон Абдуллатифи Пидром, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода, академики АМИТ Маҳмудзода Маҳкам Аъзам суханронӣ намуданд. Дар суханрониҳои онҳо аз ҷумла зикр гардид, ки соли 2021 ба санаи сарнавиштсозу муқаддас - Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолори тоҷик буда, барои бунёди давлатдории навин, рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ заминаи боэътимод фароҳам овардааст, 30 сол пур мешавад. Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ халқи тоҷик соҳиби рамзҳои давлатии худ - Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шуд ва Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид. Истиқлолияти давлатӣ, инчунин, ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард. Баъд аз нисфирӯзӣ кори симпозиум дар 11 бахши алоҳида идома ёфт. Дар ҷаласаи пленарӣ ва ёздаҳ бахши Симпозиум аз тарафи олимону коршиносони варзида аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамолики Россия, Олмон, Бритониёи Кабир, Канада, Миср, Туркия, Ӯзбекистон, Афғонистон, Ҳоланд, Эрон, Покистон ва дигар кишварҳо 111 маърӯзаи илмӣ ироа гардид. Онҳо асосан ба таърихи ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва дурнамои рушди ҷумҳурӣ бахшида шудаанд. Маводи Симпозиуми байналмилалӣ дар ду китоб чоп ва дастраси хонандагон гардид.

  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои банди 36 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҶТ» баён гардидаанд, ҳамчунин Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, №АП-44, бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технологияи замонавӣ, ихтироъкорӣ, ҷалби хонандагону донишҷӯён барои омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, бедор кардани завқи донишомӯзии қишрҳои гуногуни ҷомеа, дар гузаронидани даври 4-уми озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» мусоидат намуд. Озмуни мазкур дар 4 давр баргузор гардида, даври якум аз муассисаҳои таълимӣ дар моҳи апрел, даври дуюм дар моҳи май дар миқёси шаҳру ноҳия ва даври сеюм аз 22 сентябри то 4 октябр дар сатҳи вилоятӣ гузаронида шуд. Аз санаи 17 то 20.11.2021 даври 4-уми озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз рӯи 7 номинатсия («Математика (арифметика, алгебра, геометрия)», «Физика, ва астрономия», «Химия», «Биология (ботаника, зоология, анатомия)», «География», «Технологияи иттилоотӣ» ва «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ») дар муассисаҳои илмии зертобеи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва лабораторияҳои соҳавии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар озмун ғолибони даври 3-ум аз рӯи 7 номинатсия аз вилоятҳо, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок карданд. Дар даври 4-уми озмун зиёда аз 400 нафар ғолибони даври сеюм иштирок карда, аз байнашон 75 нафар ғолибон аз рӯи 7 номинатсия ҷойи якум-1 нафар, ҷойҳои дуюм ва сеюм 2 нафарӣ муайян карда шуд. Маросими ифтитоҳи озмун дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва маросими ҷамъбасти он ба таври тантанавӣ дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ баргузор карда шуд. Ғолибон аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо диплом, нишон ва ҷоизаи пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳисоботи комил оид ба рафти баргузории озмун ва натиҷагирӣ аз он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

  Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 сентябри соли 2021, №251 андозаи маоши амалкунандаи вазифавии кормандони Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмию тадқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зиёд карда шуд.

  Дар соли 2021 ба АМИТ ҳамагӣ беш аз 4300 ҳуҷҷат, аз ҷумла қарорҳои Ҳукумати ҶТ, Фармонҳои Президенти ҶТ, фармоиш, протокол, нусха аз протоколи Ҳукумати ҶТ, Амр ва Фармоишҳои Президенти ҶТ, супоришҳои Ҳукумати ҶТ, мактубҳо аз вазорату кумита ва идораҳои ҶТ, аз корхонаҳои гуногуни ҶТ, аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе, аз Академияҳои илмҳои давлатҳои аъзои ИДМ ва ташкилотҳои гуногуни ИДМ, мактубҳо аз хориҷи дур ва аз муассисаҳои илмии АМИТ барои баррасӣ ва иҷро ворид гардиданд. Аз ин миқдор 2080 ҳуҷҷат барои маълумот ва корбарӣ ирсол гардидааст. Раёсати АМИТ ҳамроҳи муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар намуди маълумотнома, шартномаву созишнома, гузоришот, хулосаҳои экспертӣ, лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттилооти дигар қариб 2220 ҳуҷҷатро дар муҳлатҳои муқарраргардида иҷро намуд.

  Дар соли 2021 тавассути шуъбаи робитаҳои байналмилалии Раёсати АМИТ беш аз 54 нафар корманди АМИТ барои коромӯзӣ, иштирок дар конференсияҳои илмӣ, симпозиумҳо, семинарҳо, форумҳо, хондани лексияҳо ва ҳамчунин гузаронидани тадқиқоти муштараки илмӣ бо сафарҳои хизматӣ ба давлатҳои хориҷӣ фиристонида шуданд. Бо даъвати АМИТ 37 намоянда аз хориҷи кишвар ба муассисаҳои илмии АМИТ омада, коромӯзӣ намуданд, корҳои муштараки илмӣ анҷом доданд.

  Дар муассисаҳои илмии АМИТ то 31 декабри соли 2021 ҳамагӣ 2059 нафар кор мекарданд, ки аз онҳо 1232 нафар корманди илмӣ мебошанд. Аз шумораи умумии кормандони илмии АМИТ 974 нафарро кормандони илмии бастӣ (145 доктори илм, 319 номзади илм ва 510 нафар корманд бе дараҷаҳои илмӣ) ва 258 нафарро кормандони илмии ҳамкор (90 доктори илм, 103 номзади илм ва 108 нафар кормандон бе дараҷаҳои илмӣ) ташкил медоданд.

  Соли 2021 ба муассисаҳои илмию тадқиқотии АМИТ 94 нафар мутахассисони ҷавон ба кор қабул карда шуданд, ки аз онҳо 11 нафар зан мебошад.

  Аз шумораи умумии кормандони АМИТ 235 нафар дар Раёсати АМИТ кору фаъолият менамоянд, ки 52 нафари онҳо соҳиби дараҷа-ҳои илмии доктори илм ва номзади илм мебошанд.

  Дар ҳамин сана шумораи аъзои АМИТ 78 нафарро ташкил дод, ки аз онҳо 31 нафар академик ва 47 нафар узви вобаста мебошанд.

  Ба ҳайати АМИТ 27 аъзои хориҷӣ шомил мебошанд. Аз шумораи умумии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 760 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки аз ҷумлаи онҳо 24 доктори илм, 95 номзади илм мебошанд.

  То 31 декабри соли 2021 шумораи умумии аспирантон (курси 4, ғоибона, хатмкунанда) 47 нафар буда, аз онҳо 16 нафарашон занҳо мебошанд.

  Шумораи умумии докторантҳои анъанавӣ 5 нафарро ташкил медиҳад.

  Дар соли 2021 дар докторантураи (PhD), докторантура аз рӯи ихтисос, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамагӣ 247 нафар докторанти PhD таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 101 нафар дар курси якум ва 85 нафар дар курси дуюм ва 61 нафар дар курси сеюм машғули корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебошанд. Соли таҳсили 2020-2021 ба зинаи докторантураи PhD институтҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 110 нафар довталаб ҳуҷҷат супориданд, ки аз онҳо мувофиқи талаботи қоидаҳои қабул ба докторантураи PhD Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои соли таҳсили 2020-2021, 97 нафар ба гурӯҳи буҷавӣ ва 4 нафар ба гурӯҳи шартномавӣ дохил шуданд.

  Дар соли хониши 2020-2021 дар курсҳои 1-ум ва 2-юми зинаи магистратура 494 нафар магистрантҳо аз рӯи 43 ихтисос таҳсил намуда истодаанд, ки аз ин 208 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.

  Дар соли 2021 дар 8 шӯрои диссертатсионии назди муассисаҳои илмии АМИТ, ки бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, аз ҷониби кормандони АМИТ 84 рисола, аз ҷумла 6 рисолаи докторӣ, 71 рисолаи номзадӣ ва 7 рисолаи доктор аз рӯйи ихтисос (PhD) дифоъ карда шуд.

  Дар соли 2021 дар 19 шӯроҳои диссертатсионии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия тасдиқ шудаанд, 97 рисола, аз ҷумла 11 рисолаи докторӣ ва 86 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд. Аз шумораи умумии ҳимоякардагон 1 нафар аз Ҷумҳурии Қазоқистон, 1 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон, 1 нафар (рисолаи докторӣ) шаҳрванди Федератсияи Россия мебошанд. Дар 4 шӯрои диссертатсионии АМИТ ҳамагӣ 33 рисола дифоъ карда шудааст, ки аз онҳо 4 рисолаи докторӣ ва 29 рисолаи номзадӣ мебошанд.

Маркази матбуотии

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Last modified on Чоршанбе, 05 Январ 2022
Яндекс.Метрика