wrapper

Навидҳои рӯз

  Санаи 28.11.2024, бо иштироки ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, и.в. раиси Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техника, профессор Амонзода Илҳом Темур, котиби шуъба, профессор Ғаффоров Абдулазиз Абдулҳафизович ва ҳайати коллективи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ҷаласаи корӣ баргузор гардида, дар он ҳисобот доир ба фаъолияти илмӣ ва илмӣ-ташкилии Институт барои соли 2024 шунида шуд.

  Нахуст, ҷаласаро директори институт, доктори илмҳои техникӣ, дотсент Амирзода Ориф Ҳамид оғоз намуда, дар бораи натиҷаҳои асосӣ ва дастовардҳои ходимони илмии Институт ба таври мухтасар маърӯза намуд. Аз ҷумла, зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ходимони институт 86 мақолаи илмӣ: 18 мақола дар нашрияҳои хориҷӣ, 14 мақола дар конфронсҳои мухталиф, 35 мақола дар нашрияҳои ҷумҳуриявӣ ва 19 мақолаи илмию оммавӣ ба табъ расида, 9 шаҳодатномаи муаллифӣ (патент) ба даст оварда шудааст. Ҳамзамон, дар Институт Шурои диссертатсионии 6D.КОА-59 аз рӯйи ихтисосҳои 25.00.00 – Илмҳои заминшиносӣ (6D061000 – Гидрология) ва 23.05.00 – Сохтмон ва меъморӣ (6D074400 – Сохтмон ва объектҳои гидравликӣ) фаъолияти пурсамар дорад. Дар баробари ин, ягона маҷаллаи соҳавӣ - Маҷаллаи илмии «Захираҳои об, энергетика ва экология», ҳам ба феҳристи маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам шомили РИНЦ (Шохиси илмии иқтибосоварии Россия) мебошад.

  Дар муҳокима, ноиби президенти АМИТ Илҳом Амонзода, профессор Ғаффоров Абдулазиз Абдулҳафизович ,сарходимони илмии институт профессорон Ҳақдод М.М., Яраш Пулатов, дотсент Номвар Қурбон ва Субҳон Сафиаллоев суханронӣ намуданд.

468659148_122183167100189027_8752057941897920902_n.jpg

468659148_122183167100189027_8752057941897920902_n.jpg

468659148_122183167100189027_8752057941897920902_n.jpg

Last modified on Ҷумъа, 06 Декабр 2024
Яндекс.Метрика