wrapper

Навидҳои рӯз

   Дар Институти масоили об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вохӯрии корӣ бо намояндагони Донишгоҳи захираҳои табиӣ ва илмҳои амалӣ (BOKU) баргузор гардид. BOKU яке аз марказҳои пешқадами илмию таълимии Аврупо дар самти рушди устувор, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ба ҳисоб меравад. Донишгоҳ бо равиши байнисоҳаии худ, ки илмҳои табиӣ, муҳандисӣ ва иқтисодро дар бар мегирад, маъруф аст.
  Мавзӯи асосии вохӯрӣ баррасии имкониятҳои ҳамкорӣ дар гузаронидани таҳлили муштараки лаборатории консентратсияи моддаҳои дар об овезон ва таркиби гранулометрии таҳшинҳо буд.
Ҳар ду ҷониб омодагии хешро барои тавсеаи ҳамкории илмӣ баён доштанд, аз ҷумла дар самтҳои зерин:
• гузаронидани таҳқиқоти муштарак ва экспедитсияҳои байналмилалӣ,
• таҳияи мақолаҳои илмӣ,
• ташкили корҳои саҳроӣ,
• баргузор кардани семинарҳо ва тренингҳои омӯзишӣ.
  Ин вохӯрӣ қадами муҳиме дар самти таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва мубодилаи таҷриба байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Австрия ба ҳисоб меравад.
 
 
 
 
 
 
Last modified on Сешанбе, 23 Сентябр 2025
Яндекс.Метрика