Ҳадафи гирифтани намунаҳо дарёфти дарахтони сарви ҳазорсола барои муайнкунии тағйироти иқлими Тоҷикистон дар ҳазорсолаи охир, инчунин ҷамъоварии намунаҳои дарахтони сарв дар баландиҳои гуногун барои омӯзиши фарқиятҳои градиентии онҳо ва таъсири иқлим дар ҳалқаҳои дарахтон буд. Намунаҳои гирифташуда дар лабораторияи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ташхис карда мешаванд.
Ин таҳқиқоти саҳроӣ аз ҷониби Барномаи таҳқиқотии Natural Key China (2023YFE0102700) дастгирӣ карда мешавад.
Last modified on Шанбе, 31 Август 2024