wrapper

Навидҳои рӯз

  Дар асоси нақша-чорабиниҳои лоиҳаи байнидавлатии «Таъсис ва намоиши системаи интиқоли муҳити зисти Чину Тоҷикистон», рӯзҳои 18-20 августи соли 2025 ректори Донишгоҳи Шимолу Ғарбӣ, Институти омӯзиши Роҳи Абрешим профессор Лу Шанбин, директори Маркази дӯстии Чину Ҷопон оид ба ҳифзи муҳити зист хонум Коу Ронгронг ва ректори Донишгоҳи Нанкай профессор Лу Сюэтсян ба Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар доираи вохуриҳо бо ҳамтоёони Хитоӣ семинари илмӣ дар мавзуи  “Мониторинги экосистемаи обӣ ва технологияҳои ғайримарказонидашудаи коркарди оби партови дохилӣ” гузаронида шуд. Ҳамчунин меҳмонон аз НБО-и «Норак», Истгоҳи обтозакунӣ ва обтаъминкунии худҷореъшаванда ва Истгоҳи обтозакунии КВД «Обу корзеи Душанбе» дидан намуданд.

Инчунин, ба имзо расондани Ёдошти тафоҳум оид ба «Интиқоли технология», ба роҳ мондани ҳамкориҳо оид ба  омузиши технологияи e-DNA,  омода намудани кадрҳои илмӣ (магистрантону докторнатони PhD) ва табодули таҷриба ба мувофиқа расидаанд.

 

 

 

Last modified on Чоршанбе, 20 Август 2025
Яндекс.Метрика