Арзёбии натиҷаҳои илмӣ дар соҳаи об, бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи нақшаи чорабиниҳои илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои соли 2024, бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 13 августи соли 2024 дар толори Шурои илмии (олимони) институт Мизи мудаввари илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур арзёбии натиҷаҳои илмию амалии институт дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки таъсиси ин ниҳоди муҳимми илмӣ-тадқиқотӣ самараи истиқлол аст, мебошад.
Ҷаласаро директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, дотсент Ориф Амирзода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла зикр кард, ки институт дар тӯли 22-соли фаъолияти худ тавонист ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад. Ба даст овардани 40 патент ба ихтироот, нашри 60 китобу монография, интишори зиёда аз 3000 мақолаи илмӣ дар дохилу хориҷ, ширкати фаъоли кормандони институт дар барномаю консепсия ва стратегияҳои мухталиф, суханронӣ дар барномаҳои телевизионию радиоӣ ва дигар натиҷаҳои илмию амалӣ мисоли бармалои гуфтаҳои болозикранд.
Сипас, мудири Шуъбаи идоракунии захираҳои об ва обсарфанамоӣ, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Яраш Пулатов дар бораи дастовардҳои илмии институт дар соҳаи идоракунии захираҳои об суханронӣ кард. Мавсуф зикр намуд, ки таваҷҷуҳ ба илм ва тадқиқоти илмӣ аз ҷониби давлату ҳукумат сол аз сол бештар гардида, агар дар муқоиса ба соли 1992 нигарем, пешрафт аз замин то осмон аст. Ин моро водор менамояд, ки дар ҷавоб ба ғамхорию дастгириҳои давлату ҳукумат бештар аз пештар фаъолият намоем, тамоми неруи ақлонию ҷисмонии хешро баҳри рушди илми ватанӣ сарфбар созем. Шуъбаи идоракунии захираҳои об ва обсарфанамоӣ яке аз воҳидҳои сохтории институт дар зарфи фаъолияти худ, бо як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гардид ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар ин самт бомарор идома доранд.
Дар идомаи семинар мушовири илмии институт, доктори илмҳои техникӣ, узви вобастаи АМИТ, профессор Маҳмадшариф Ҳақдод доир ба аҳамияти дипломатияи об ва муҳиммияти ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим ибрози андеша намуд. Аз ҷумла, баён дошт, ки воқеъан барои мо, мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус мо, кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар тӯли на зиёда аз ду даҳсола 5 ташаббуси беназиру ҷаҳонии Сарвари давлатамон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта гардиданд. Ин раванд аз як тараф боиси хушҳолӣ бошад, аз ҷониби дигар барои мо, олимону мутахассисони соҳа масъулият низ ҳаст, то корҳои илмию тадқиқотиро дар ин самт тақвият бахшем ва ба натиҷаю комёбиҳои назаррас дастёб гардем.
Ҳамин тавр, дар ҷамъбасти чорабинии мазкур директори институт зикр намуд, ки захираи илмии муассисаи мо хеле бузург аст. Боварии комил дорам, ки дар баробари дигар дастовардҳо то поёни соли 2024 аз ҷониби ходимони илмии институт се рисолаи доктории дигар омода ва барои дифоъ пешниҳод карда мешаванд.