Барои гузаронидани аттестатсияи аз ҳисоби як гурӯҳ олимони институт, аз ҷумла, Амирзода О.Ҳ. (раиси комиссия), Қурбонов Н.Б. (муовини раис), Гулаҳмадов А. (масъули сохтор), Кобулӣ З.В., Носиров Н.Қ., Фазылов А.Р., Пулатов Я.Э., Қоирева Ф.А., Давлатшоев С.Қ., Шаймуродов Ф.И. ва Ниязов Ҷ.Б. (аъзоён) комиссияи босалоҳият таъсис дода шуд, ки он рафти иҷроиши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ҳолати рисолаҳои докторантонро ба пуррагӣ санҷид.
Дар натиҷаи аттестатсия 24 нафар докторони (PhD) аз рафти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ҳолати кунунии рисолаҳояшон дар назди комиссия ҳисобот пешниҳод намуда, дар асоси натиҷаҳои илмию тадқиқотии то ин ҷониб бадастовардаи хеш маърӯза карданд.
Аз тарафи ҳайати комиссия ба ҳар як докторант саволҳои иловагӣ дода шуда, инчунин рафти корҳои докторантон ва дар кадом сатҳ қарор доштани рисолаҳои онҳо баҳогузорӣ карда шуд. Ҳамчунин, аз тарафи олимони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ба ҳар як докторант барои беҳтар ва хубтар ба анҷом расонидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва омода намудани рисолаҳо тавсияҳо дода шуданд.
Ҳамин тавр, ҳадаф аз баргузории ин аттестатсия ошноӣ ба вазъи тадқиқу пажӯҳиши муҳаққиқони ҷавон муаррифӣ шуд. Натиҷаи аттестатсия дар фаъолияти докторантон (PhD) камбудиҳои зиёдеро, аз қабили робитаи пурсамар надоштани роҳбарон бо докторантон, номукаммал будани мавзӯъҳои барои тадқиқот пешниҳодгардида ва дар муҳлати муайяншуда ба итмом нарасонидани корҳои илмиро ошкор намуд.
Дар интиҳои аттестатсия таъкид гардид, ки докторантон бо назардошти ҳамаи имтиёзҳое, ки барои онҳо фароҳам шудааст, бояд дар муҳлати муқарраршуда корҳои илмиашонро анҷом диҳанд ва мавзӯъҳоеро матраҳ намоянд, ки бо назардошти воқеияти Тоҷикистон ва ниёзмандиҳои ин давлати рӯ ба рушд бошанд.
Last modified on Чоршанбе, 26 Январ 2022