Тавре ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Қарордоди мазкур дар Маркази Конфутсия бо иштироки роҳбарияти Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва намояндаи Донишгоҳи омӯзгории Синзияни Ҷумҳурии Мардумии Чин санаи 27 январи соли ҷорӣ ба имзо расонида шуд.
Ҷонибҳо бо бастани қарордоди мазкур минбаъд метавонанд ҳамкории худро дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла: мониторинг ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, технологияҳои обсарфакунанда ва бехатарии оби нӯшокӣ; энергетикаи атомӣ, коркард ва истифодаи технологияҳо дар самти гидроэнергетика, энергияи шамолӣ ва офтобӣ; мониторинги пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва тадбирҳои марбутаи ҷавобӣ; экология ва ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла ҳифзи гуногунии биологӣ, ҳифзи муҳити зист, назорати ифлосшавӣ ва амнияти экологӣ; пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, ва ғайраҳо роҳандозӣ намоянд. photo_2024-01-29_17-02-38.jpg
Last modified on Душанбе, 29 Январ 2024