Баргузории мизи мудаввар дар ташкилоти ибтидоии “Рушди устувор”-и КИИ “Хирадмандон”
3-юми майи соли ҷорӣ, дар доираи амалӣ намудани нақша – чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори таҷлили 30-юмин солгарди таъсисиёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Рушди устувор”-и Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Дар соҳаи обу иқлим” гузаронида шуд.
Мувофиқи барномаи чорабинӣ директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, раиси ташкилоти ибтидоии “Рушди устувор”-и КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ”, доктори илмҳои техникӣ - Амирзода Ориф Ҳамид дар мавзӯи “Аҳамияти илмии конфронси сеюми Душанбе” маъруза карданд.
Дар идома, муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ доктори илмҳои таърих Ширин Қурбонова дар мавзӯи “Об ҳам қобилияти дарккунӣ дорад” баромад кард.
Дар музокира профессорон, Пулатов Я., Фозилов А. оид ба масъалаҳои марбут ба обу иқлим, ки яке аз масъалаҳои меҳварии ҷаҳони имрӯз ба ҳисоб мераванд, ибрози назар намуданд.