wrapper

Навидҳои рӯз

  Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон монографияи дастаҷамъонаи ходимони илмии Институти масъалаҳои об, гидротехника ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Водохозяйственная инфраструктура в общей системе управления водными ресурсами» («Инфрасохтори хоҷагии об дар системаи умумии идоракунии захираҳои об») ба нашр расид. Монографияи мазкур дар ҳаҷми 172 саҳифа таълиф гардида, аз сарсухан ва 5 боб иборат мебошад. Рӯйхати сарчашмаҳои истифодашудаи ҳар боб дар интиҳои он нишон дода шудаанд.

  Сарсухан ва боби якуми монография, ки таносубан «Таджикистан - страна истоков вод» («Тоҷикистон - кишвари манбаъҳои об») ва «Формирование водных ресурсов Таджикистана» («Ташаккулёбии захираҳои оби Тоҷикистон») ном доранд, аз ҷониби мудири лабораторияи «Захираҳои об ва равандҳои гидрофизикӣ», доктори илмҳои техникӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кобулӣ З.В. ва муовини директор оид ба илм ва таълим, номзади илмҳои техникӣ Қурбонов Н.Б. таълиф гардидаанд.

  Боби дуюми монография «Управление и эффективное использование водных ресурсов» («Идоракунӣ ва истифодаи самараноки захираҳои об») аз тарафи мудири Шуъбаи технологияҳои инноватсионӣ ва тадқиқоти илмӣ-маърифатӣ, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, Арбоби илму техникаи Академияи илмҳои табиатшиносии Россия Пулатов Я.Э. навишта шудааст.

  Боби сеюми он «Гидротехнические сооружения в общей системе управления водными ресурсами» («Иншооти гидротехникӣ дар системаи умумии идоракунии захираҳои об») ном дошта, ба қалами мудири лабораторияи «Иншоотҳои гидротехникӣ», доктори илмҳои техникӣ, дотсент Фазылов А.Р. тааллуқ дорад.

  Боби чорум «Гидроэнергетика Таджикистана» («Гидроэнергетикаи Тоҷикистон»)-ро директори Институти масъалаҳои об, гидротехника ва экологияи АМИТ, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Амирзода О.Ҳ. ва мудири лабораторияи «Энергетика, захира ва энергиясарфанамоӣ», номзади илмҳои техникӣ Давлатшоев С.Қ. навиштаанд.

  Боби панҷуми монография «Обзор по экологической обстановке в Таджикистане» («Баррасии вазъи экологӣ дар Тоҷикистон») аз тарафи котиби илмии институт, номзади илмҳои биологӣ Қориева Ф.А. эҷод гардидааст.

  Дар маҷмӯъ, дар монографияи дастаҷамъонаи «Водохозяйственная инфраструктура в общей системе управления водными ресурсами» масоили марбут ба баҳодиҳии вазъи инфрасохтори соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ гардидааст. Дар монография проблемаҳои ташаккули захираҳои оби ҷумҳурӣ, идоракунии самараноки онҳо, иншоотҳои гидротехникӣ дар системаи умумии идоракунии захираҳои об, гидроэнергетика ва инчунин, масъалаҳои экология ва ҳифзи муҳити зист инъикос ёфтаанд.

  Монографияи мазкур барои мутахассисони хоҷагии об, иншоотҳои гидротехникӣ ва гидроэнергетикҳо, гидрологҳо, гидрогеологҳо ва дигар мутахассисон, ки фаъолияташон ба об марбут аст ва инчунин, доираи васеи хонандагоне, ки ба омӯзиш ва пажӯҳиши табиат ва сарватҳои табиии меҳани маҳбубамон – Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд, пешбинӣ карда шудааст.

  Ҳамзамон, монография барои донишҷӯён, бакалаврҳо ва магистрон ва инчунин, коромӯзон, аспирантон ва докторантон (PhD) ҳамчун китоби дарсӣ тавсия карда мешавад.

Last modified on Якшанбе, 02 Январ 2022
Яндекс.Метрика