Минҷумла, зимни баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парлумони кишвар дар ташкилоти ибтидоии «Рушди устувор»-и Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҷаласаро раиси ташкилоти ҳизбӣ, директори институт Ориф Амирзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки санаи 23-юми декабри соли 2022 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва аз ин минбар ба кулли мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон иора гардид. Дар баробари дигар дастоварду комёбиҳои беназире, ки дар Паём Сарвари давлат зикр намуданд, махсусан барои мо мутахассисони соҳаҳои гидрология, метеорология ва экология боиси ифтихору сарбаландӣ аст, ки давоми 20 соли охир 5 ташаббуси ҷаҳонии Пешвои миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ба хушнудӣ қабул карда мешаванд. Яъне, чанде қабл аз баргузории Паём якбора се ташаббуси ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 21 март ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, дар назди СММ Бунёди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфт…
Ҳамзамон, дар ин ҷаласа муовини раиси КИИ «Хирадмандон»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ширин Қурбонова ва котиби КИИ «Хирадмандон» Шоҳона Каримова мушорикат дошта, ҷиҳати баррасӣ ва фаҳмондани паҳлуҳои мухталифи Паёми навбатии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори андеша карданд. Аз ҷумла, Ширин Қурбонова зимни суханронии хеш иброз намуд, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат тамоми ҷанбаъҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ гардиданд. Ва муҳимтар аз ҳама, Пешвои миллат ба мардуми меҳандўсту сарбаланди меҳан муроҷиат карда, иброз намуданд, ки мо аз ин дида рўзҳои вазнину сангинро пушти сар кардем ва хушбахтона, бо азму иродаи қавии халқи шарифи Тоҷикистон ба ин рўзҳо расидем. Боварӣ дорам, ки мушкилоти мавҷуда низ пушти сар мешаваду ба ояндаи бо ҳам дурахшони зиндагӣ мерасем. Аз ин рў, моро зарур аст, ки дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сарҷамъ шуда, иттифоқию ваҳдати комилро ҷонибдори намуда, ба миллату меҳан содиқона хизмат карда, ватани азизу муқаддаси хешро обод намуда, ба наслҳои оянда як давлати комил ва озоду ободро ба мерос гузорем.
Номвар ҚУРБОН
Last modified on Чоршанбе, 28 Декабр 2022