wrapper

Навидҳои рӯз

  Санаи 28 декабри соли 2021 директори Институти масъалаҳои об, гидротехника ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Амирзода Ориф Ҳамид рисолаи доктории худро таҳти унвони «Научно-прикладные основы управления процессом водопользования и гидрохимические особенности водных ресурсов Республики Таджикистан» («Асосҳои илмӣ-амалии идораи раванди истифодаи об ва хусусиятҳои хоси гидрохимиявии захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон»), дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-016 назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ муваффақона дифоъ намуд.

 Тадқиқоти мазкур дар кафедраи «Обтаъминкунӣ ва обихроҷӣ»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва дар лабораторияҳои «Захираҳои обӣ ва равандҳои гидрофизикӣ» ва «Сифати об, гидро- ва биогеохимия»-и Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон анҷом дода шудааст.

  Мушовирони илмии диссертатсияи Амирзода О.Ҳ. доктори илмҳои техникӣ, академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон ва академики хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маматканов Дюшен Маматканович (равонаш шод бод) ва доктори илмҳои техникӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кобулӣ Зайналобиддин Валӣ мебошанд.

 Доктори илмҳои техникӣ, Корманди шоистаи илм ва техникаи Федератсияи Россия, профессори кафедраи гидравлика, обтаъминкунӣ ва рафъи партовобҳои Донишгоҳи давлатии техникии Воронеж Щербаков Владимир Иванович, доктори илмҳои техникӣ, профессори кафедраи «Экология»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Розиқов Зафар Абдуқаҳорович ва доктори илмҳои география, профессори кафедраи «Сайёҳӣ ва методикаи таълими география»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Муҳаббатов Холназар ҳамчун муқарризони расмӣ ба рисолаи мазкур тақриз навиштаанд.

  Диссертатсия натиҷаи тадқиқоти беш аз 20 солаи муаллиф буда, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва дар заминаи илмӣ-техникии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ гузаронида шудааст.

 Муаллиф дар асоси маводи рисолаи докторӣ 78 кор, аз ҷумла 20 мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр намуда, инчунин 2 адад васоити таълимӣ, 2 ҳуҷҷати меъёрӣ-методӣ таҳия ва 3 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардааст. Ҳамзамон, таҳти роҳбарии бевоситаи илмии Амирзода О.Ҳ. як нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, се рисолаи номзадии дигар барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ омода карда шудааст.

 Рисолаи доктории мазкур дар 290 саҳифаи матни чопӣ компютерӣ, аз ҷумла 275 саҳифаи матни асосӣ таълиф гардида, аз муқаддима, 6 боб, хулосаҳои умумӣ ва замимаҳо иборат аст. Ҳамчунин, диссертатсия 55 расм ва 42 ҷадвалро дар бар мегирад. Ба феҳристи адабиёт истифодашуда 184 номгӯй, аз ҷумла 10 адабиёт бо забонҳои хориҷӣ дохил мешавад.

 Дар муқаддима мубрамияти кор асоснок гардида, мақсад ва вазифаҳои таҳқиқот муайян карда шуда, муқаррароти асосии ҳимояшаванда таҳия гардида, навгониҳои илмӣ ва аҳамияти амалии натиҷаҳои бадастомада, тавсифи умумӣ ва сохтори кор гузаронида шуда, мазмуни мухтасари диссертатсия, инчунин маълумот дар бораи тавсиби натиҷаҳои он ва саҳми бевоситаи муаллиф дар масъалаи тадқиқшаванда нишон дода шудааст.

  Боби аввал ба тадқиқи захираҳои об дар минтақаи ташаккулёбии маҷрои об дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст; мушкилоти таъминоти об ва ҳолати истифодаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст; хусусиятҳои минтақавии ҳудуди Тоҷикистон барои обтаъминкунӣ ва таъминоти оби нӯшокӣ тадқиқ гардидааст.

  Боби дуюм натиҷаҳои зеринро дар бар мегирад: коркарди нақшаи маҷмаавӣ ва роҳҳои истифодаи оқилонаи захираҳои об дар Тоҷикистон; баҳодиҳии маҷмӯии сифати обҳои сатҳӣ дар Тоҷикистон; амсиласозии сифати об дар дараҷаҳои гуногуни ифлосшавии он; нақшаҳои идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим.

 Дар боби сеюм натиҷаҳои тадқиқи хусусиятҳои гидрохимиявии захираҳои оби ҳавзаҳои дарёҳои Тоҷикистон оварда шудаанд. Таҳлил ва арзёбии тавозуни истифодаи оби Тоҷикистон ва хусусиятҳои гидрологии дарёҳои он гузаронида шуданд; микроэлементҳо дар обҳои табиӣ ва таъсири антропогенӣ ба ифлосшавии химиявии обҳои сатҳӣ омӯхта шуд; хусусиятҳои усулҳо ва технологияҳои муосир барои таҳлили таркиби элементии обҳо истифода гардидан; амсилаи консептуалии идоракунии оптималӣ барои таъмини бехатарии обию энергетикӣ дар шароити тағйирёбии иқлим коркард карда шудааст.

 Дар боби чорум тавсифи мухтасари ашёи хоми пастсифати алюминийдор ва усулҳои коркарди онҳо; натиҷаҳои тадқиқоти таҷрибавии коркарди нефелинҳои сиенитдор ва таҳқиқи хосиятҳои дурдабандии омехтаи алюминий ва хлориди оҳан ҳангоми коркарди нефелинҳои сиенитдор нишон дода шудааст.

 Дар боби панҷум натиҷаҳои таҳлил ва арзёбии истифодаи маълумоти гидрологии дарёҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; таҳияи амсилаи риёзии раванди тозакунии биологии обҳои табиӣ ва партовобҳо; коркарди тавсияҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои рушди об барои таъминоти об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; арзёбии таъсири омилҳои гуногун ба муҳити зист ва захираҳои об оварда шудаанд.

 Дар боби шашум пешниҳод гардидааст: ҷанбаҳои асосии ташаккули низоми устувори идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об барои баланд бардоштани самаранокии таъминоти об дар шароити гузариши Тоҷикистон ба муносибатҳои бозорӣ; тавсияҳои илмию амалӣ оид ба татбиқи технологияҳои каммасраф дар соҳаи таъминоти об таҳияшуда; тартиби амсиласозии рақамии раванди тозакунии пешакии оби нӯшокӣ; таҳияи тавсия оид ба таъминоти оби нӯшокӣ дар асоси бузургиҳои гидрохимиявии обҳои сатҳӣ; тадқиқоти самаранокии техникию иқтисодии истифодаи натиҷаҳо.

 Ҳамин тавр, натиҷаҳои асосии илмии диссертатсия дар ёздаҳ нукта ва тавсияҳо оид ба истифодаи амалии натиҷаҳо ва дурнамои рушди минбаъдаи самти пешниҳодшудаи илмии он дар ҳафт нукта баён карда шудаанд.

   

Last modified on Якшанбе, 02 Январ 2022
Яндекс.Метрика