wrapper

Навидҳои рӯз

  Санаи 24 сентябри соли 2022 дар ҷаласаи шӯрои илмии DSc.41/30.04.2021.Т.131.01 дар назди Институти илмӣ-тадқиқотии ирригатсия ва масъалаҳои оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳимояи рисолаи доктории Сардори Бахши илмӣ-таълимӣ ва таҳлилии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулаҳмадов Аминҷон Абдуҷабборович дар мавзӯи «Моделкунонии таъсири тағйирёбии иқлим дар ташаккули оброҳа ва реҷаи гидравликии дарёи Вахш» баргузор гардид.

  Кори диссертатсионӣ дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ва Институти экология ва географияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Хитой иҷро карда шудааст.

  Машваратчиёни илмии рисолаи мазкур доктори илмҳои география, профессор Чен Ши (Институти экология ва географияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Хитой), доктори илмҳои техникӣ, профессор Маҳмудов Илҳомжон Эрназарович (Институти илмӣ-тадқиқотии ирригатсия ва масъалаҳои оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон) буданд.

  Муқарризони расмии рисола доктори илмҳои техникӣ, профессор Худайкулов Совет Ишанкулович (Сардори лабораторияи «Обанборҳо ва бехатарии онҳо»-и Институти илмӣ-тадқиқотии ирригатсия ва масъалаҳои оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон), доктори илмҳои техникӣ, профессор Мягков Сергей Владимирович (Институти тадқиқотии гидрометеорологии Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ва доктори илмҳои техникӣ, профессор Гаппаров Фурқат Ахмадович (Сардори кафедраи «Гидрология ва гидрогеология»-и Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Институти инженерҳои ирригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи ш.Тошкент») буданд.

  Муассисаи пешбар доир ба рисолаи мазкур Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек ба ҳисоб мерафт.

 Дар рафти кори рисола тадқиқотҳо оид ба мутобиқсозии моделҳои гидрологии глобалӣ ва таҳияи модели гидравликӣ барои пешгӯии таъсири тағйирёбии иқлим ба ташаккул ва режими дарёи Вахш гузаронида шуда буданд.

 Дар асоси маводҳои рисолаи диссертатсионӣ 53 мақолаҳои илмӣ нашр шуданд, аз он ҷумла 26 мақола ба базаҳои маълумотии байналмиллалии Scopus дохил шудаанд, инчунин 3 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот гирифта шудааст.

 Рисолаи диссертатсионӣ аз муқаддима, 5 боб, хулосаҳои умумӣ ва замимаҳо иборат мебошад. Рисола дар 200 саҳифа пешниҳод карда шудааст. Феҳристи ададбиётҳои истифодашуда 266 номгӯйро дар бар мегирад.

 Рисолаи диссертатсионии Гулаҳмадов Аминҷон Абдуҷабборович дар мавзӯи «Моделкунонии таъсири тағйирёбии иқлим дар ташаккули оброҳа ва реҷаи гидравликии дарёи Вахш» бо мақсади дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ (DSc) аз рӯи ихтисоси 05.09.07 – «Гидравлика ва гидрологияи муҳандисӣ» пешниҳод гардидааст.

 

 

Last modified on Ҷумъа, 14 Октябр 2022
Яндекс.Метрика