wrapper

Навидҳои рӯз

Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд:

  1. Ходими илмии Гурўҳи дарёфт ва татбиқи лоиҳаҳо – 1 ҷой, маоши вазифавӣ 2845 сомонӣ;
  2. Ходими калони илмии Лабораторияи энергетика, захира ва энергиясарфанамоӣ – 1 ҷой, маоши вазифавӣ 3324 сомонӣ (барои номзади илм – 4321 сомонӣ);
  3. Ходими калони илмии Лабораторияи моделкунонии захираҳои об ва равандҳои иқлим – 1 ҷой, маоши вазифавӣ 3324 сомонӣ (барои номзади илм – 4321 сомонӣ);
  4. Ходими илмии Лабораторияи энергетика, захира ва энергиясарфанамоӣ – 1 ҷой, маоши вазифавӣ 2845 сомонӣ.

Талабот нисбати довталабон:

маълумоти олӣ дар соҳаи техникӣ, об, гидроэнергетика, география ва экология;

дониши хуби соҳавӣ, дар соҳаҳои техникӣ, об, гидроэнергетика, география ва экология;

малакаи тартиб ва омода намудани ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ;

дониши мукаммали забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва хориҷӣ;

ба номзадҳо ва доктори илм дар соҳаҳои техникӣ, об, гидроэнергетика, география ва экология (афзалият дода мешавад);

таҷрибаи кофии маъмурияти Windows ва Microsoft Office;

малакаҳои иловагии касбӣ, донистани ҳолати истифодаи об дар кишвар ва минтақа, талаботҳои экологӣ;

дониши ҳаматарафаи варзида дар робита ба ҳадафҳои стратегӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

дараҷа илмӣ (номзад, доктор) ва унвони илмӣ (дотсент, профессор), нашри мақолаҳои илмӣ ва маводҳои таҳлилӣ (афзалият дода мешавад).

 

Хоҳишмандон метавонанд ба Шуъбаи кадрҳо ва коргузории Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

 

  1. Ариза Эълон оид ба ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба номи директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
  2. Тарҷумаи ҳол;
  3. 2 дона расм (3х4);
  4. Нусхаи шиноснома;
  5. Нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти олӣ, такмили ихтисос ва дараҷаю унвони илмӣ (нусхаи диплом, шаҳодатнома ва ғайра);
  6. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (дар ҳолати мавҷуд будан);
  7. Маълумотномаи тиббии №086 (тибқи тартиби муайянгардида);
  8. Маълумотнома оид ба доғи судӣ.

 

Ҳуҷҷатҳо аз 2 сентябр то 1 октябри соли 2024 қабул карда мешаванд.

 

Суроға: ш. Душанбе, кўчаи Бофанда, 5/2.

Телефон барои гирифтани маълумоти иловагӣ: 221-39-01

Яндекс.Метрика