wrapper

Навидҳои рӯз

  Дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024, № 328, фармоиши директори Институт аз 24 апрели соли 2024, №44 «Дар бораи санаи гузаронидани имтиҳони маҷмўии хатми докторантони PhD курси сеюм», санаи 29 апрели соли 2024 дар маҷлисгоҳи Институт имтиҳони маҷмўии хатми зинаи докторантура PhD баргузор гардид.

  Имтиҳонро бо сухани ифтитоҳӣ директори Институт, доктори илмҳои техникӣ, дотсент Амирзода Ориф Ҳамид кушода, имтиҳонсупорандагонро ба саршавии имтиҳон табрик намуд. Дар идома қайд намуд, ки боварӣ дорам, ҳамаи докторантони PhD имтиҳонро бомуввафақият месупоранд.

  Дар имтиҳон сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантура PhD-и АМИТ Азизхонова Рухшона Гулбозхоновна иштирок дошт ва дар баромади худ бори дигар таъкид намуд, ки талаботҳои Низомнома оид ба докторантураи PhD риоя карда мешавад ва ҳар як докторант бояд на кам аз се мақолаи дар маҷаллаҳои тақризшаванда чопшударо доро бошад.

  Раиси комиссия, доктори илмҳои техникӣ, профессори кафедраи химияи таҳқиқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Рўзиев Ҷўра Раҳимназарович низ ба имтиҳонсупорандагон муввафақият хоста, онҳоро бо шарти гузаронидани имтиҳон шинос намуд.

  Дар натиҷаи имтиҳони давлатӣ аз ихтисоси 6D074400 – Сохтмони гидротехникӣ ва иншоотӣ 1 нафар, ихтисоси 6D090200 – Сайёҳӣ 2 нафар, ихтисоси «Экология» 5 нафар, ихтисоси «Захираҳои обӣ ва истифодаи он» 1 нафар иштирок намуда имтиҳонро бо баҳои мусбат супориданд.

  Қайд кардан зарур аст, ки докторанти ихтисоси 6D074400 – Сохтмони гидротехникӣ ва иншоотӣ Тоҳирзода Суҳроб Тоҳир ба саволҳо ва инчунин саволҳои аъзоёни комиссия ҷавоби мушаххаси қонеъкунанда дода бо баҳои аъло сазовор гардид.

Last modified on Сешанбе, 30 Апрел 2024
Яндекс.Метрика