Last modified on Чоршанбе, 19 Июн 2024
Иштироки Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ дар намоишгоҳи бахшида ба Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»
Дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз 10 то 13 июни соли 2024 дар Душанбе баргузор гардид, форумҳо, фестивалҳо ва намоишгоҳҳо гузаронида шуданд. Дар намоишгоҳи конфронси мазкур дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе намояндагони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ иштирок намуда, дастовардҳои илмии олимон ва таҷҳизотҳои илмӣ-тадқиқотии институтро ба намоиш бароварданд. Меҳмонони аз хориҷ ташриф оварда, инчунин намояндагони вазорату идораҳои мухталиф ва олимону пажуҳишгарон аз ин намоишҳо дидан карданд.