Дар конференсияи мазкур зиёда аз 27 баромадҳои олимону муҳаққиқони хориҷиву ватанӣ оид ба масъалаҳои рӯзмарра вобаста ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва экосистема шунида шуд. Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ Гулаҳмадзода Аминҷон Абдуҷаббор низ дар конференсияи мазкур дар мавзуи “Таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об” баромад намуданд. Зимни баромади хеш, д.и.т. Гулаҳмадзода А.А. доир ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, таъсири он ба захираҳои об ва оқибатҳои он дар назди ҳозирин суханронӣ намуданд.
Иштироки кормандони институт дар Конференсияи байналмиллалӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва экосистема дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 16 майи соли 2025 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмиллалӣ таҳти унвони “Ҳифзи гуногунии биологӣ ва экосистема дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар конференсия президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, намояндаи Вазорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафири Ҷумҳурии федеративии Олмон дар Душанбе ва олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ иштирок намуданд.