Мақсади гузаронидани намоиши мазкур намоишдиҳии илмҳои пешрафта, беҳтарин таҷрибаву дастовардҳои илмӣ дар соҳаи захираҳои обӣ, ки дар рафти амаликунии пурсамари Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба даст оварда шудааст мебошад. Намоиши мазкур инчунин бо мақсади мустаҳкамшавии устувор ва рушди ҳамкориҳо байни тарафҳои манфиатдор, ҷорикунии воситаҳо, тарзҳо ва технологияҳои идоракунии захираҳои обӣ гузаронида шуд.
Дар намоиш ташкилотҳои байналхалқӣ ва маҳалллӣ, вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои илмию тадқиқотӣ иштирок намуданд.
Last modified on Якшанбе, 12 Июн 2022