wrapper

Навидҳои рӯз

  Санаи 2-юми сентябри соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур олимону мутахассисон ва докторантону унвонҷӯёни институт иштирок варзиданд.

  Конференсияро директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ, доктори илмҳои техникӣ Гулаҳмадзода Аминҷон Абдуҷаббор оғоз намуд. Мавсуф зимни суханронии худ дар бораи рушди илм дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ибрози андеша кард.

  Сипас, олимони институт оид ба дастовардҳои илмӣ дар соҳаҳои захираҳои об, гидроэнергетика ва экология дар 35 соли истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳо намуданд.

  Дар анҷоми конференсияи мазкур аз тарафи роҳбарият баъзе олимон ва мутахассисоне, ки дар соли 2026 ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гардиданд, бо ифтихорномаву сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Last modified on Панҷшанбе, 03 Сентябр 2026
Яндекс.Метрика