Конфронс дар доираи омодагиҳо ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо– 2025 ва бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки ҳамасола 21 март таҷлил мегардад, доир гардид. Дар он олимон, фаъолони муҳити зист, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва коршиносони байналмилалӣ ширкат варзида, вазъи кунунии пиряхҳои Тоҷикистон, нақши онҳо дар таъмини захираҳои обӣ ва экосистемаҳо, инчунин роҳҳои ҳалли мушкилоти вобаста ба обшавии онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни конфронс натиҷаҳои таҳқиқоти илмии навтарин ва тавсияҳои амалӣ барои ҳифзи пиряхҳо пешниҳод гардиданд. Иштирокчиён таъкид намуданд, ки ҳифзи пиряхҳо яке аз вазифаҳои афзалиятнок буда, он ба таъмини амнияти обӣ, озуқаворӣ, энергетикӣ ва экологӣ иртиботи мустақим дорад.
«Пиряхҳо на танҳо сарвати табиӣ, балки манбаи ҳаётан муҳими об барои аҳолии мо мебошанд. Ҳифзу муҳофизати онҳо масъулияти умумии мост», –таъкид кард яке аз маърузачиёни конфронс.
Конфронс ҳамчун минбар барои мубодилаи дониш ва пешниҳодҳо, инчунин таҳкими ҳамкориҳо байни ниҳодҳои гуногун ва ҷонибҳои манфиатдор, ки дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор фаъолият мекунанд, хизмат кард.
Мо итминон дорем, ки талошҳои муштарак имкон медиҳанд, ки натанҳо пиряхҳои Тоҷикистонро ҳифз намоем, балки таъсири тағйирёбии иқлимро коҳиш дода, ояндаи устуворро барои халқ ва табиати кишварамон таъмин созем.