wrapper

Навидҳои рӯз

  13 августи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (МУ СММ) қатъномаи “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034”-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса пешбарӣ гардида буд, бо иттифоқи оро қабул намуд.

  Бо қабули ин қатънома солҳои 2025-2034 ҳамчун Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера ба мақсади пешбурди ҳамкориҳои илмии сатҳи ҷаҳонӣ ба вежа тавассути баргузории тадқиқот ва мониторинги илмии алоқаманд ва талошҳои рушди устувор дар доираи сохтору захираҳои мавҷуда ва саҳмҳои ихтиёрӣ барои ҳалли мушкилоти марбут ба обшавии пиряхҳо ва тағйирот дар криосфера эълон гардиданд.

Дар асоси натиҷаҳои гузориши Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ва Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат таҳти унвони “Пиряхҳо дар ҷойҳои мероси ҷаҳонӣ” дар мавриди обшавии босуръати пиряхҳо омадааст, ки то соли 2050 пиряхҳои объектҳои мероси ҷаҳонӣ, ки дар сеяки онҳо пиряхҳо мавҷуданд аз байн мераванд.

Бинобар ин, дар ин қатънома аз тамоми кишварҳои узви СММ, ташкилотҳои дахлдори низоми он ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва зерминтақавӣ, мардуми бумӣ, инчунин дигар ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла аҳли илм, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва шахсони алоҳида даъват ба амал оварда шудааст, ки дар ҳама сатҳҳо тавассути пешбурди фаъолиятҳое, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи даҳсола ва аҳамияти пиряхҳо, барф ва ях дар низоми иқлим ва давраи гидрологӣ, инчунин таъсири иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии он ва тағйирот дар криосфера мусоидат менамоянд, табодули таҷриба ва донишҳои беҳтаринро ба роҳ монанд.

Ҳамзамон, дар он бо такя ба қатъномаи МУ СММ таҳти унвони “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 2025” (A/RES/77/158), ки қаблан бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида буд, аз ҳукуматҳо, ташкилотҳои байниҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ, дигар ҷонибҳои манфиатдор ва донорҳо даъват ба амал оварда шудааст, ки ба Фонди байналмилалии мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз ҷониби Дабири кул дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои дахлдори низоми СММ, аз ҷумла ЮНЕСКО ва Созмони умумиҷаҳонии метеорологӣ мудирият мешавад ва барои дастгирии кишварҳо дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои он мусоидат менамояд, саҳмгузор бошанд.

Дар ин қатънома аҳаммияти ташаббусҳои марбут ба криосфера барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” дарҷ гардида, аз ташаббуси Тоҷикистон оид ба даъвати Конфронси байналмилалӣ бахшида ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе дар соли 2025 истиқбол карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки оид ба ташаббуси қабули даҳсолаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (Душанбе, 11 июни соли 2024) гуфта, аз кишварҳои узви СММ даъват ба амал оварданд, то аз ин ташаббус пуштибонӣ намоянд. Хотиррасон бояд кард, ки пешбарии ин ташаббус яке аз натиҷаҳои Нишасти қутбии “Як cайёра” (Париж, 8 ноябри соли 2023) низ ба ҳисоб меравад.

Боиси зикр аст, ки бо қабули ташаббуси мазкур нақши боризи кишвар дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ бори дигар собит гардида, кишварҳои узви СММ омодагии худро барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар доираи “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034” иброз намуданд.

https://www.mfa.tj/tg/main/view/15529/majmai-umumii-smm-qatnoma-tahti-unvoni-dahsolai-amal-baroi-ilmhoi-kriosfera-2025-2034-ro-qabul-namud 

Last modified on Чоршанбе, 21 Август 2024
Яндекс.Метрика