wrapper

Навидҳои рӯз

  Санаи 26 июни соли 2025 дар толори Шурои диссертатсионии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 28-солагии таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар баргузор гардид.
  Чорабиниро директори институт, доктори илмҳои техникӣ Аминҷон Гулаҳмадзода оғоз намуда, нахуст иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди замони соҳибистиқлолӣ буда, ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Зеро тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизи мо натиҷаи заҳматҳову талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баракати Ваҳдати миллӣ мебошанд.

 Сипас, сардори Бахши дарёфт ва татбиқи лоиҳаҳо Сайид Шарипов дар бораи марҳилаҳои расиданд ба ваҳдати комили миллӣ ва мудири Шуъбаи кадрҳо ва коргузорӣ Садафмоҳ Адамқулова оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳким ва густариши Ваҳдати миллӣ маърӯза намуданд.
 Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор кормандони институт бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шудаанд.

Last modified on Шанбе, 28 Июн 2025
Яндекс.Метрика