*** /// ***
Мо бояд ҳамкориҳоро дар самти обу ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда идома дода, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар қолаби «Раванди оби Душанбе» тадбирҳои зарурӣ андешем.
*** /// ***
Моро зарур аст, ки бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, хусусан, камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам дар бисёр кишварҳои дунё, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикршуда ба бозори истеъмолӣ тамоми имкониятҳоро барои рушди соҳаи кишоварзӣ сафарбар созем.
*** /// ***
Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст.
*** /// ***
Аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад.
*** /// ***
Мо аз тавсеаи робитаҳо, бахусус, дар самтҳои рушди «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, технологияҳои навин, ҷалби сармоя ва тиҷорат истиқбол менамоем.
Last modified on Душанбе, 30 Декабр 2024