Ҳадафи асосии семинари илмӣ баррасии дурнамои густариши ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ) дар татбиқи технологияҳои муосир барои арзёбӣ, мониторинг ва беҳтар кардани сифати об, инчунин тақвияти ҳамкории илмӣ ва институтсионалӣ дар ин самт буд. Меҳмонон иштирокчиёни семинарро бо шабакаи ГлоВАЛ-и МАГАТЭ ва истифодаи маълумоти он дар идоракунии самараноки захираҳои об шинос карданд.
Дар охири семинари илмӣ, меҳмонон истифодаи якчанд намуди таҷҳизотро барои муайян кардани унсурҳои кимиёвӣ ва газҳо дар об ва арзёбии сифати об нишон доданд.




Тоҷикӣ
Русский
English