Тибқи иттилои Комиссияи озмунии Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмун 83 нафар олимону муҳаққиқон, рӯзноманигорону коршиносон ва дигар аҳли зиёву эҷод, аз ҷумла 8 нафар доктори илм (профессор), 17 нафар номзади илм, 8 нафар унвонҷӯёну аспирантон, 4 нафар донишҷӯён ва магистрони муассисаҳои олӣ, 12 нафар кормандону мутахассисони Агентии хоҷагии ҷангали дар шаҳру навоҳӣ, 9 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва гимназияҳо, 7 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гимназияву муассисаҳои таълимии хонандагони лаёқатманд, 2 нафар тарбиятгирандагони кӯдакистон ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 16 нафар рӯзноманигорони касбӣ аз рӯзномаҳои «Садои мардум», «Ҷумҳурият», «Инсон ва табиат», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Ваҳдат», маҷаллаҳои «Ҳифзи табиат», «Сарзамин», «Дин ва ҷомеа» ширкат варзиданд.
Асару мақолаҳо, гузоришу нигоришҳо ва маводҳои пешниҳодкардаи иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» бо забонҳои тоҷикӣ (64 адад), русӣ (18 адад) ва англисӣ (4 адад) таълиф, интишор ва таҳия гардида, маводҳоро Комиссияи озмунии Комиссияи экологӣ тибқи салоҳияти худ мавриди омӯзишу таҳлил ва баррасӣ қарор дод.
Дар қатори дигар иштирокчиён, кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шахсияти директори Институт, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Амирзода О.Ҳ., муовини директор оид ба илм, номзади илмҳои техникӣ Қурбонов Н.Б., мудири шуъбаи технологияҳои инноватсионӣ ва тадқиқоти илмӣ-таълимӣ, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Пулатов Я.Э., мудири лабораторияи экология ва рушди устувор, номзади илмҳои биологӣ Қориева Ф.А., мудири лабораторияи яхшиносӣ ва иқлимшиносӣ, номзади илмҳои таърих Ниязов Ҷ.Б., ходими калони илмӣ Асоев Ҳ.М. ва докторант (PhD) Сафаров М.С. низ дар озмуни мазкур фаъолона ширкат варзиданд.
Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои силсилаи асарҳои илмӣ дар мавзӯъҳои амсилаи (модели) минтақавии таъминоти амнияти обию барқӣ дар шароити таѓйирёбии иқлим ва истифодаи самараноки обу замин сазовори ҷойи сеюм гардида, бо Диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шуд.
Дар байни муассисаҳои ширкаткунандаи Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ягона муассисае буд, ки кормандони он ҳам дар якҷоягӣ ва ҳам дар алоҳидагӣ мақолаҳои илмию тадқиқотии худро пешниҳод намуданд. Корҳои пешниҳодкардаи олимони Институт дар шакли тадқиқоти комили илмӣ бо фарогирии масоили мухталифу мубрами назарию амалии об, иқлим, замин, ҳифзи сарватҳои табииву муҳити зист бахшида шудаанд. Аксар мақолаҳое, ки аз тарафи олимони Институт Амирзода О.Ҳ., Қурбонов Н.Б., Пулатов Я.Э., Қориева Ф.А., Ниязов Ҷ.Б., Асоев Ҳ.М. ва Сафаров М.С. ба озмуни мазкур пешниҳод гардиданд, натиҷаҳои комилан ҷадиди илмӣ буда, дар хориҷ аз кишвар ба нашр расидаанд.
Ҳамин тавр, дар ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» Амирзода О.Ҳ., Қурбонов Н.Б., Пулатов Я.Э., Қориева Ф.А., Ниязов Ҷ.Б., Асоев Ҳ.М. ва Сафаров М.С. барои иштироки фаъолона, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии ҷомеа ва инчунин, рушди соҳа бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Last modified on Чоршанбе, 23 Июн 2021