Ба даст овардани чунин дастгоҳ ба Институт имкониятҳои гузаронидани таҳқиқотҳо, таҳлили реҷа ва сифати обҳои руизаминӣ, моделкунонии равандҳои гидрологӣ, омӯзиши падидаҳои гидрофизикӣ ва арзёбии экологии ҳолатҳои манбаъҳои обро зиёд мегардонад.
Роҳбарият ва аҳли олимону кормандони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ба Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қ.Х. инчунин ба роҳбарият ва аҳли кормандони Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) барои кӯмак ва дастгирӣ миннатдории бепоёни худро изҳор менамоянд.
Last modified on Ҷумъа, 18 Июл 2025