Маврид ба зикр аст, ки дар форуми мазкур дар қатори намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагон аз кишварҳои Покистон, Муғулистон ва дигар созмонҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.
Пеш аз оғози кори форум, намояндагони ИМО,ГЭваЭ АМИТ бо роҳбарияти Институти метеорологӣ ва биёбони Идораи метеорологии Чин ҷиҳати густариши ҳамкориҳои илмӣ гуфтушунидҳо анҷом доданд. Бояд қайд кард, ки дар доираи ҳамкориҳо ва иҷрои лоиҳаи муштарак ба ИМО,ГЭваЭ АМИТ якчанд таҷҳизотҳои илмӣ ворид карда шудааст ва онҳо пас аз насбу васл моҳи августи соли 2024 ба кор дароварда мешаванд. Ҳадаф асосии озмоишгоҳи мазкур тадқиқи тағйирёбии иқлим тавассути дарахтон маҳсуб ёфта, яке аз самтҳои афзалиятнок ва муосири илмӣ ба шумор меравад.
Рафти гуфтушунидҳо бо роҳбарияти Институти метеорологӣ ва биёбони Маъмурияти метеорологии Чин
Дар рӯзи якуми форум, дар сессияи академӣ директор институт Ориф Амирзода бо маърузаи “Хусусиятҳои тағйирёбии гидрологии ҳавзаи дарёи Кофарниҳон бо дарназардошти таъсири тағйирёбии иқлим” баромад намуд.
Баромад бо маъруза Форуми якуми метеорологии Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ
Сипас, тибқи гуфтушунидҳои пешакӣ бо роҳбарияти Институти метеорологӣ ва биёбони Идораи метеорологии Чин намояндагони ИМО,ГЭваЭ АМИТ дар маросими ба имзо расонидани Созишномаи ҳамкориҳои илмӣ сухан намуда, барои таъсиси Маркази илмии дендрологӣ-иқлимшиносӣ ва тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ба ҳамтоёни чинӣ арзи сипос ва миннатдории роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон манзур карда шуд.
Маросими ба имзо расонидани Созишномаи ҳамкориҳои илмӣ байни Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ва Институти метеорологӣ ва биёбони Идораи метеорологии Чин
Ҷиҳати рушди ҳамкориҳои илмӣ, васеъ намудани доираи ҳамкорӣ дар самти масъалаҳои вобаста ба омӯзиши тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба захираҳои об, инчунин масъалаҳои экологӣ, мубодилаи таҷриба, таҳия ва ба нашр расонидани маводҳои илмӣ, мусоидат дар тарбияи кадрҳои ҷавони тоҷик тавассути таҳсил дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, таҳия ва иҷрои лоиҳаҳои муштарак, ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои байналмилалӣ ва такмили озмоишгоҳҳои илмии ИМО,ГЭваЭ АМИТ ва дигар масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳо мавзуи вохӯрӣ буда, дар натиҷа созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Нимаи дуюми рӯзи 26 июн намояндагони институт дар чорабинии Мизи мудаввар дар мавзуи “Низоми огоҳии пешакӣ дар шароити тағйирёбии иқлим” иштирок намуда, зимни баргузории мизи мудаввар, ташаббуси урумчигии иштирокчиён, ки асосан намояндагони Агентиҳои метеорологии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Маъмурияти метеорологии Чин буданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бо инобати таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи ҳуҷҷати мазкур қабул карда шуд.
Иштирок дар кори мизи мудаввар
Нимаи якуми рӯзи 27 июн, намояндагони институт тибқи барнома дар рафти баргузории 8-мин Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО “Чин-Авруосиё“ иштирок намуданд. Дар Намоишгоҳи мазкур тамоми дастовардҳои илмӣ, соҳаҳои хоҷагии халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва кишварҳои Авруосиё ба марази тамошобинон гузошта шуда буд.
Боздид аз Намоишгоҳ ва дастовардҳои илмии ҳамтоёни чинӣ
Ҳамзамон, намояндагони институт зимни боздид аз Намоишгоҳ, аз гӯшаи намоиши дастовардҳо, ҳунарҳои мардумӣ, меваҷоту дигар маҳсулотҳои хӯрокаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.
Боздид аз гӯшаи Намоишгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нимаи дуюми рӯзи 27 июн бо намояндагони Донишгоҳи технологии Нанкини Ҷумҳурии Мардумии Чин вобаста ба лоиҳаи нави муштарак гуфтушунид анҷом дода шуд. Ҷониби Чин оид ба лоиҳаи нави пешниҳоднамуда барои солҳои 2025-2026, ки аз ҷониби Вазорати илм ва технологияи ҶМЧ маблағгузорӣ мешавад, ҳадаф ва натиҷаҳои пешакии лоиҳаро муаррифӣ намуданд. Зимни гуфтушунид ба мувофиқа расонида шуд, ки дар заминаи ИМО,ГЭваЭ АМИТ як таҷҳизоти тозакунии обҳои партов васлу насб карда мешавад.
Рафти гуфтушунид бо намояндагони Донишгоҳи Нанкини Чин
оид ба пешниҳоди лоиҳаи нави муштарак
Last modified on Ҷумъа, 05 Июл 2024